Синамаконӣ ҳангоми гумонбарӣ/тасдиқи COVID-19

Шири сина дорои антителаҳоест, ки ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки солим рушд ёбанд ва онҳоро аз сироятҳои зиёд муҳофизат намояд. Антителаҳо ва омилҳои биоактивӣ дар шири сина метавонанд бо сирояти COVID-19 мубориза баранд, агар кӯдак ба он дучор шавад. Коронавирус дар шири модар пайдо нашудааст ва интиқоли он тавассути ширмакӣ тасдиқ нашудааст.
Body

1. Алоқаи наздик ва ширдиҳии барвақтӣ танҳо ба рушди бомуваффақияти кӯдак мусоидат менамояд. Агар шумо ба наздикӣ соҳиби кӯдак шавед, барои бехатарии синамаконӣ ба шумо дастгирӣ лозим аст. Шумо бояд бо кӯдаки навзод тамоси пӯст ба пӯстро таҷриба намоед ва бо ӯ дар як ҳуҷра бошед.

2. Синамаконӣ бехатар аст, агар, ки чораҳои эҳтиётӣ риоя карда шаванд: ҳангоми синамаконӣ  гигиенаи роҳҳои нафасро риоя кардан лозим аст, агар имкон бошад, ниқоб пӯшидан лозим аст; пеш аз ва баъд аз расидан ба кӯдак дастҳоро шустан лозим аст; Сатҳҳои расидаатонро мунтазам тоза ва безарар намоед.

3. Агар Шумо барои синамаконӣ худро бад ҳис кунед,  дигар роҳҳои бехатари таъмини кӯдакатон бо шири сина мавҷуд аст, аз ҷумла шири синаи ҷушидашуда ё донорӣ, ба шарте, ки дар минтақаи Шумо имкони дастрас кардани шири донорӣ мавҷуд бошад.Бо мутахассисон дар бораи имконоти мувофиқтарин машварат кунед. Агар Шумо ҳангоми бемор будан шири кофӣ надошта бошед, пас аз сиҳат шуданатон метавонед синамакониро дубора идома диҳед.

4. Синамаконӣ системаи масунияти кӯдакро мустаҳкам мекунад ва антитела аз модар тавассути шири модар ба кӯдак мегузарад ва ба ӯ дар мубориза бурдан бо сироятҳо кӯмак менамояд. Агар кӯдаки навзод ё хурдсол гирифтори COVID-19 ё ягон бемории дигар  бошад, синамаконӣ бояд идома ёбад.