Синдроми марги ногаҳонии кӯдакон (СМНК) ва ҳолатҳое, ки дар хоб ба марг оварда мерасонанд

Кӯдакони навзод махсусан дар хатари СМНК қарор доранд, вақте ки се намуди омилҳои хавф - осебпазирӣ, синну сол ва шароит якҷоя мешаванд. Бисёре аз хатарҳои СМНК вобаста аз шароите, ки кӯдакон дар он хоб мекунанд, пешгирӣ кардан мумкин аст.
Body
Оиди синдроми марги ногаҳонии кӯдакон (СМНК)

Агар кӯдакони то яксола дар хоби худ ногаҳон бимиранд, онро синдроми марги ногаҳонии кӯдакон (СМНК) меноманд.

СМНК аксар вақт чунин шарҳ дода мешавад:

  • Ҳодисаҳои буғӣ шудан дар хоб, вақте ки кӯдакон гулӯгир мешаванд ё байни ягон чиз дар мемонанд. Сабаб дар шароитҳое ҳаст, ки кӯдак дар он хоб меравад.
  • Муайян карда натавонистани сабаби дақиқи марги тифл.

Баъзан сабаби СМНК бемории вазнин ё ҳолати саломатии кӯдак аст.

СМНК ва ҳолатҳои марговар дар хоб

Баъзе кӯдакон хавфи зиёди СМНК доранд, агар:

  • пеш аз таваллуд ва баъд аз таваллуд ба таъсири дуди тамоку ё маводи мухаддир дучор шуда буданд.
  • пеш аз мӯҳлат ё бо вазни кам таваллуд шудаанд.
Синну сол

Хавфи СМНК ва ҳодисаҳои нохуше, ки боиси марг дар хоб мешаванд, дар байни синну соли аз 1 то 4 моҳа баландтар аст, гарчанде ки хатар дар давоми 12 моҳи аввали ҳаёт боқӣ мемонад.

Шароитҳо

Баъзе шароитҳои хоби кӯдак хатари СМНК-ро зиёд мекунанд. Агар ҳаво аз ҳад зиёд гарм бошад ё ҳуҷрае, ки дар он кӯдак аст, тамоку мекашанд, хавф баландтар мешавад.

Кӯдаконе, ки аз рӯи синну сол ё хусусиятҳои рушд дар гурӯҳи хатар қарор доранд, хавфи бештари СМНК доранд.

Омилҳои осебпазир ва синну соли кӯдаки Шумо берун аз ихтиёри Шумо аст, аммо Шумо метавонед бо риояи ин маслиҳатҳои оддӣ барои хоби бехатари фарзандатон хатари СМНК, ки метавонад боиси марг дар хоб шавад, кам кунед.

Хавфҳое, ки пешгирӣ кардан мумкин аст

Шароитҳои хоб дар куҷо ва чӣ гуна хобидани тифл, дар вақти хоб ва дар дигар вақтҳо дар атрофи ӯ чӣ аст, дарбар мегирад. Муҳите, ки тифлакон дар он хоб мекунанд, хатари СМНК дорад, аммо онҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Шумо бояд қоидаҳои зеринро риоя кунед:

  • тифли худро дар шикам ё паҳлӯ нахобонед. Ӯ бояд ҳамеша дар тахтапушт хобад! (Тифлаконро ҳангоми бедор буданашон ба шикам гузоштан мумкин аст, агар ягон кас онҳоро назорат кунад. Ба шикам гузоштани тифл барои ӯ хуб аст, зеро ин ба инкишофи мушакҳои гардан ва китф мусоидат мекунад).
  • тифлакон набояд бо рӯй ё сари пӯшида хоб кунанд.
  • тифлакон набояд ҳангоми аз ҳад зиёд гарм будан хоб кунанд, масалан, агар онҳо либосҳои аз ҳад зиёд ё сарпӯш пӯшида бошанд.

Диққат диҳед, ки тифл дар куҷо хоб мекунад:

  • тифли худро дар ҷои мулоим (ба монанди бистари пар) ё дар диван нахобонед.
  • тифлакон набояд бо модар ё дигар аъзои оила ҳамроҳ хоб раванд!
  • боварӣ ҳосил кунед, ки тифл ҳангоми хоб дар байни матрас ва қисмҳои гаҳвора/катча ё байни катча ва девор дар намонад.

Ба он чизе, ки дар назди тифл аст, диққат диҳед:

  • дар наздикӣ ё дар як ҳуҷра бо кӯдакатон тамоку накашед.
  • кӯдакро болои болишт ё бо бозичаҳои мулоим нахобонед.
  • ҳама чизҳоеро, ки боиси буғишавӣ буда метавонанд, аз қабили бандакчаҳо, тасмачаҳо, тасмаҳо ё бандакчаҳои аробачаҳо ё курсиҳои мошин, дур кунед.

Бо кӯдаки худ дар як ҳуҷра хоб кунед: дар ҳуҷрае, ки Шумо хоб мекунед, барои кӯдакатон ҷойе ҷудо кунед. Беҳтар аст, ки кӯдак то синни 1 солагӣ бо Шумо дар як ҳуҷра хоб кунад.