Сирояти роҳи пешоб (СРП) дар кӯдакони хурд ва калонтар

Ба аломатҳои сирояти роҳҳои пешоб (СРП) дар кӯдакони хурд ва кӯдакони калонтар хашмгинӣ, пастшавии иштиҳо ва дар бисёр ҳолатҳо ҳароратбаландӣ мансуб мебошанд. Агар кӯдаки Шумо нишонаҳои СРП дошта бошад, бояд ҳарчи зудтар ба педиатр/табиби оилавӣ бурда нишон дода шавад. Барои ташхиси СРП, табибон пешоби кӯдаки Шуморо барои таҳлил мегиранд. Одатан барои табобати СРП доруҳои антибиотикӣ истифода бурда мешаванд. Табиби кӯдакон инчунин метавонад фарзанди Шуморо барои гузаштан аз ташхиси ултрасадо равона кунад, то боварӣ ҳосил намояд, ки дар роҳҳои пешоб ягон монеа вуҷуд надорад.
Body

Сиротяҳои роҳҳои пешоб (СРП)

Сироятҳои роҳҳои пешоб (СРП) дар мавриде пайдо мешаванд, ки бактерияҳои ба узвҳои пешоброн тавассути наи пешобрез ё тавассути хун ба пешоб ворид мешаванд ва баъдан дар пешобдон афзоиш меёбанд.

СРП дар кӯдакони хурд ва кӯдакони калонтар хеле зиёд вомехӯрад. Тақрибан дар 4% кӯдакон дар СРП дар давоми 12 моҳи аввали ҳаёт пайдо мешаванд. Дар ин синну сол, СРП дар писарбаччаҳо нисбат ба духтарбаччаҳо бештар дида мешавад.

Кӯдаконе, ки нуқсони инкишофи гурдаҳо ё роҳҳои пешоб доранд, ба СРП бештар дучор мешаванд. Аммо агар дар кӯдаки хурдсоли Шумо  СРП пайдо шавад, ин маънои онро надорад, ки дар ӯ вайроншавии фаъолияти роҳҳои пешоб ҷой дорад.

Аломатҳои сирояти роҳҳои пешоб дар кӯдакони хурд ва калонтар

Дар кӯдакони хурд ва кӯдакони калонтар  аломатҳои сирояти роҳҳои пешоб (СРП) метавонанд ба бисёр мушкилотҳои дигари саломатӣ монанд бошанд. Агар фарзанди Шумо СРП дошта бошад:

  • вай метавонад бесабаб баланд шудани ҳарорат ҷой дошта бошад;
  • метавонад асабонӣ бошад ва бисёр гиря кунад;
  • вай метавонад аз ғизо хӯрдан даст кашад;
  • мумкин аст қай кунад;
  • хоболудии ғайриоддӣ ҷой дошта метавонад;
  • мумкин аст, ки хуб вазн нагирад;
  • дар уребчааш изи хун буда метавонад.

СРП дар кӯдакони калонтар аз СРП дар кӯдакони хурдсол фарқ мекунад. Агар дар фарзанди калонии Шумо сирояти роҳҳои пешоб дошта бошад, вай ҳангоми пешоб хориҷ кардан сӯзишро ҳис мекунад ва ё эҳсоси зуд-зуд ба ҳоҷатхона рафтан дар ӯ пайдо мешавад.

Дар мавриди шубҳа намудан ба гирифторшавии кӯдак ба сироятҳои роҳи пешоб (СРП) ба педиатр/табиби оилавӣ нишон додан лозим аст?

Бале. Дар мавриди ҷой доштани ҳароратбаландии бесабаб ё дар вақти худашро умуман бад ҳис кардани кӯдак, бояд Шумо ҳарчи зудтар кӯдакатонро ба табиби кӯдакона нишон диҳед.

Таҳлилҳои лабораторӣ дар мавриди сироятҳои роҳи пешоб (СРП)

Табибон сирояти роҳҳои пешобро (СРП) танҳо дар асоси нишонаҳо ташхис намегузоранд. Кӯдак бояд таҳлили пешоб супорад. Табиби кӯдакона инчунин метавонад фарзанди Шуморо барои гузаштан аз ташхиси ултрасадо равона карда боварӣ ҳосил кунад, ки ягон мушкилоти бо роҳҳои пешоббарор вуҷуд надорад. Агар ягон мушкилот пайдо шавад, кӯдак ба назди нефролог ё табибе, ки бо мушкилоти гурда ихтисосманд аст, фиристода мешавад.

Муолиҷаи сироятҳои роҳҳои пешоб (СРП)

Барои муолиҷаи сирояти роҳҳои пешоб (СРП), кӯдакони то семоҳа одатан бояд антибиотикҳоро мустақиман ба рагҳо бо усули қатрагӣ ворид кунанд. Ин маънои онро дорад, ки табобат дар шароити беморхона (статсионарӣ) гузаронида мешавад.

Кӯдакони аз семоҳа болоро баъзан дар хона табобат кардан мумкин аст, ки барои онҳо табиб антибиотикҳоро ба таври даҳонӣ таъин мекунад.

Пешгирии сироятҳои роҳи пешоб (СРП)

Шумо наметавонед сироятҳои роҳҳои пешобро (СРП) дар кӯдакони хурдсол ва кӯдакони калонтар пешгирӣ кунед. Ва агар ба фарзанди Шумо барои табобати СРП дар шароити беморхона талаб карда шавад, ин метавонад боиси нороҳатии зиёди Шумо  гардад. Шояд Шуморо далеле тасаллӣ диҳед, ки аксари кӯдакони хурдсол ва кӯдакони калонтар аз СРП зуд шифо меёбанд ва ба табобати доимӣ ниёз надоранд.