Сиёҳу сафед (барои хурдсолон)

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Кортҳои сиёҳ, сафед ва сурх бо шаклҳо.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин машғулияти оддӣ аз амалҳои зерин иборат аст:

  1. Ҳар як кортро дар назди кӯдак нигоҳ доред. Онро дар давоми даҳ сония беҳаракат нигоҳ доред, то кӯдак ба он аҳамият диҳад..
  2. Ҳар дафъае, ки кортро нишон медиҳед, бо истифода аз ибораҳои оддӣ ба мисли "оҳҳо", "нигоҳ кун" бо кӯдак меҳрубонона сӯҳбат карда ранг ва шакли кортро бигӯед. Бигзор кӯдак ба корт даст расонад, онро ламс кунад, ва агар ӯ аллакай дар дасташ нигоҳ доштани ягон ашёро омӯхта бошад, бигзор бигирад.
  3. Ҳамаи кортҳоро дар рӯи фарш ё рӯи миз гузоред. Бигзор кӯдак дар як вақт ба ҳама рангҳо ва шаклҳо нигоҳ кунад. Шояд аз байни кортҳо яке аз онҳо бештар таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб мекунанд?

Унсурҳои шабакияи чашми инсон, ки бо номи чӯбакчаҳо ва кӯзачаҳо машҳур мебошанд, барои қобилияти дарки ранг масъул ҳастанд. Дар кӯдакони аз 6 то 9 моҳа ин сохтор ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст ва онҳо мавҷудияту шиддатнокии рангҳои кабуд, гулобӣ, зард, бунафш ва сабзро душвор фарқ мекунанд. Дар он синну сол, барои кӯдак фарқ кардани рақамҳои контрастии сиёҳ ва сафед хеле осонтар мебошад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Шаклҳо ва рангҳои контрастнокиашони баланд – рангҳое мебошанд, ки кӯдак воқеан дар давраҳои кӯдакӣ фарқ карда метавонад. Ин бозии хонагӣ ба кӯдакони хурдсол дар инкишофи босира ва диққат кӯмак мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ба ашёи мавриди назар нигоҳ кунанд ва диққаташро ба он ҷалб намояд.