Сохтакорӣ бо лӯхтаки ман

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Лӯхтак, бозичаи мулоим ё ба ин монанд; якчанд маводи дигар, аз қабили косаи хурд ва кӯрпа ё матоъ; чизи дигаре, ки фарзанди Шумо метавонад барои бозии хаёлӣ истифода барад.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол фарзанди Шумо ба бозии “вонамуд кардан”-ро оғоз мекунад – ашёҳоро барои сохтани саҳнаи  ба ӯ шинос истифода мебарад. Шумо метавонед ин гуна бозиро бо роҳҳои оддӣ ташвиқ кунед. Бо кӯдакатон нишинед, лӯхтаки дӯстдоштаашро гиред, хирси мулоим ё дигар бозичаи ба ин монандро (ҳатто аз ҷӯроб ва матоъ сохта шуда бошад ҳам) гиред ва вонамуд кунед, ки он лӯхтак кӯдак аст. Шумо метавонед лӯхтакро ҷунбонед, суруд хонед, аз пиёла "ғизо диҳед" ё онро дар бистари хаёлӣ гузоред - ҳар чӣ мехоҳед, аммо мурракаб накунед. Лӯхтакро ба поён гузоред ва бубинед, ки фарзандатон чӣ амал мекунад. Вай метавонад ба мисли Шумо амал кунад ё метавонад маводҳоро ба таври дигар истифода барад. Шумо метавонед кори фарзанадтонро тавсиф диҳед: “Оҳ, кӯдаки ту хобидан мехоҳад? Ту шаби хуш мегӯӣ!". Ҳангоме ки фарзандатон шавқманд аст, бозиро идома диҳед. Маводҳоро дар ҷое гузоред, ки кӯдак онҳоро пайдо кунад ва дубора мустақилона истифода бурда тавонад. Баъзан маводҳои нав илова кунед, то ин ки таваҷҷӯҳи бештарро нигоҳ доред.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин намуди бозӣ қобилияти тафаккури фарзанди Шуморо бармеангезад, зеро вай як чизро (масалан, хирси бозича) барои "шудан"-и дигар (масалан кӯдаки воқеӣ) истифода мебарад. Ин тафаккур ба салоҳияти минбаъдаи академӣ замина мегузорад. Он инчунин эҷодкорӣ ва тасаввуротро мустаҳкам мекунад ва робитаи Шуморо бо фарзандатон мустаҳкам мекунад, чунки Шумо вақтро бо машғулиятҳои шавқовар мегузаронед.