Сохтани хонача аз кортҳо
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Дастаи кортҳо
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои кор кардан омода бошед:
1. Ду корт, яктоӣ ба ҳар ду даст, гиред ва тарафҳои болоии кортҳоро ба ҳамдигар такя кунонед, то ҳарфи V-и чаппа ё секунҷа ташкил диҳед. Барои машқ кардан каме вақт ҷудо кунед, зеро ин амалро борҳо такрор кардан лозим аст.
2. Пас аз он ки Шумо сохтани секунҷаро азхуд кардед, вақти он расидааст, ки таҳкурсии хоначаро созед. Он аз 2, 3 ё зиёда секунҷаҳои дар як қатор ҷойгиршуда иборат хоҳад буд. Барои боварӣ ҳосил кардан, ки ҳамаи онҳо дар як қатор истодаанд, Шумо метавонед якчанд кортҳои эҳтиётиро истифода бурда, онҳоро дар фарш дар пеши хоначаатон ҷойгир кунед.
3. Кортро ба таври уфуқӣ дар болои ду секунҷа гузоред. Ҳамин тариқ, мо онҳоро пайваст мекунем ва тарафи поёни секунҷаро барои сатҳи оянда месозем. Инро дар тамоми қатори сатҳи якум иҷро кунед.
4. Эҳтиёткорона секунҷаи дигарро дар болои корте, ки ҳозир гузошта будед, ҷойгир кунед. Ҳамин тариқ, ин секунҷа болотар ва байни ду секунҷаи поёнӣ хоҳад буд. Такрор кунед ва то ҳадди имкон васеъ ва баландтар созед.
Барои сохтмони устувортар кортҳои кӯҳна ё на он қадар нав беҳтар аст - чунин кортҳо намелағҷанд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдак сохтанро меомӯзад ва ҳангоми сохтани хонача аз кортҳо дар шакли пирамида ӯ сабр ва худдорӣ карданро меомӯзад. Ин бозиро метавон танҳо анҷом дод ё мусобиқа ташкил кард - кӣ тезтар / баландтар / бештар месозад. Кадом лаҳза ба кӯдакон бештар маъқул аст? Албатта, ҳамаашро вайрон кардан!