Сохтори бозичаро меомӯзем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ашёҳои гуногуни филизӣ ва чӯбин, масолеҳи гуногун ва қоғаз.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ашёҳо, матоъҳо ва коғазҳои гуногуншаклро (нарм, ноҳамвор, ғафс, борик, чандир, сахт) дар як ҷой гурзоред ва кӯдаки худро ба назди он шинонед, то ки ӯ онҳоро расида тавонад.
Пас аз он ки кӯдак ба як ашё даст мерасонад, ба ӯ як ашёи дигарро диҳед ва ҳамин тавр, то он вақте, ки кӯдак ба ҳама ашёҳо даст нарасонад ин амалро давом диҳед. Ин амал имкон медиҳад, ки кӯдаки Шумо ламс карданро барои ангезиш додани инкишофи мағзи сар истифода барад. Камолот ва инкишофёбии солими кӯдак бештар аз диққат, эҳсосот ва ангезиш вобаста аст, махсусан ламс кардан, чунки он нейронҳоеро, ки барои инкишофи ҳаракатӣ ва зеҳнӣ вобастаанд, ба ангезиш меорад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин машғулият, фарзанди Шумо ҳисси ламс карданро меомӯзад ва фарқ кардани ашёҳову сохторҳои гуногунро меомӯзад.