Сухани кӯдаконаро тақлид мекунем
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз ё курсии кӯдакона
Машғулият аз чӣ иборат аст: Овозҳои гуногун дар атрофи кӯдак инкишофи нутқи ӯро ташвиқ мекунанд. Машғулияти зерин ба Шумо кӯмак мекунад, ки бо кӯдаки худ беҳтар муошират карданро омӯзед.
Кӯдакро муддате дар оғӯши худ нигоҳ доред, пас ӯро ба пушт ба ҷойи мулоим гузоред ё кӯдакро дар курсии баландаш шинонед. Ба фарзандатон аз нақл кардани ягон чизро оғоз кунеду аксуамали ӯро бубинед.
Кӯдак ба шумо бо баровардани садоҳои маҳин ва паст ҷавоб доданро оғоз менамояд, онҳоро такрор кунед аввал пасттар, баъдан шиддатноктар, то ин ки кӯдак ба он баландтар таассур кунад.
Дар хотир доред, ки ҳама чизро бояд мусбат ва оромона иҷро кунед. Дар охири машғулият кӯдакро бӯса кунед ё ба оғӯш гиред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулиятҳо шунавоиро ва дарк намудани феномҳои асосии гуногунро инкишоф медиҳад, ки ин ҷарраёни инкишофи нутқро метезонад. Инчунин ба кӯдак имкон медиҳад, ки аз як тараф овозҳое, ки ӯ мебарорад, шунавад.