Сӯҳбат мекунем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин машғулияти оддӣ ба кӯдакатон дар зиёд кардани захираи луғавӣ, малакаҳои муошират ва нутқ кӯмак мекунад.

Кӯдаки худро ба даст гиред ва дар ҳуҷра, хона ё боғ сайр кунед. Дар бораи ҳама чизе, ки дар роҳ ё дар хона мебинед, ба ӯ нақл кунед. Агар дар пеши Шумо тӯб бошад, гӯед: «Ана бин, ин тӯб аст. Бо тӯб бозӣ кардан мумкин аст!", ё "Ин саг аст. Номи саг Полвон аст”.

Шумо метавонед ин машғулиятро ҳар рӯз такрор кунед, чизи асосӣ ин аст, ки кӯдак дар айни замон ба ин таваҷҷӯҳ дошта бошад. Машқро якчанд дақиқа ё то он даме, ки мушоҳида кунед, ки кӯдак хаста шудааст, идома диҳед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Рушди захираи луғавӣ барои муваффақияти хониш дар оянда муҳим аст ва муошират бо кӯдакон ба онҳо имкон медиҳад, захираи луғат, малакаҳои муошират, нутқ ва хонишро зудтар инкишоф диҳанд.