Сӯхтан дар кӯдакон ва чӣ гуна пешгирӣ кардани онҳо - ҳолатҳои махсус
Чораҳои махсуси эҳтиётӣ ҳангоми пухтупази ғизо:
Ҳангоми пухтупаз ҳамеша дар назди оташдон/танӯр бошед ва ҳеҷ гоҳ хӯроки омодашудаистодаро беназорат нагузоред! Дастакҳои дег, чойник, тоба ва ғайра ҳангоми дар болои оташдон будан бояд ҳамеша ба тарафи девор гардонида шуда бошанд, то кӯдакон ба онҳо дастрасӣ пайдо накунанд. Боз чӣ кор кардан мумкин аст:
- Диққат диҳед, ки кӯдакони калонтар оташдон, тафдон ва дигар дастгоҳҳои гармидиҳиро чӣ хел истифода мебаранд ва дар ҳолати зарурӣ истифодаи онҳоро маҳдуд кунед.
- Агар имконпазир бошад, хӯрокро дар канори дуртар ҷойгиршудаи оташдон пазед.
- Кӯдакони хурдсол набояд дар назди оташдон ё дар ошхона бошанд!
- Ҳеҷ гоҳ кӯдак ва зарфҳои моеъҳои гарм ё ғизои гарм доштаро якҷоя бардошта ба ягон ҷой набаред!
- Ҳеҷ гоҳ ғизои гарм ва моеъро дар назди кӯдакон беназорат нагузоред!
- Ҳеҷ гоҳ хӯроки гармро дар болои мизи дастархондор нагузоред, ки кӯдак онро ба тарафи худ кашида метавонад!
- Кӯдаки хурдсолро дар ҳуҷрае, ки ғизо тайёр карда мешавад ё манбаи гармии кушод дорад (масалан, дарзмол), беназорат нагузоред!
- Ба кӯдакони калонтар тарзи дуруст истифода бурдани таҷҳизоти гармидиҳиро омӯзонед ва дар ҳолати зарурӣ истифодаи онҳоро маҳдуд кунед.
Чораҳои махсуси эҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ:
- Пеш аз оббозӣ доронидани кӯдакон ҳарорати обро санҷед!
- Ҳарорати баландтарини обро дар обгармкунаки худ маҳдуд кунед - термостатро то 600C муқаррар кунед.
- Агар Шумо кӯдакро оббозӣ доронед, ҳамеша аввал оби хунук ва баъд оби гармро сар диҳед.
- Пеш аз он ки кӯдакро ба тағора/ванна гузоред, ҳатман ҳарорати обро санҷед ва ҳеҷ гоҳ кӯдаки худро дар ҳаммом беназорат нагузоред!
Маводҳои пиротехникӣ барои кӯдакон нест!
Ба кӯдакон иҷозат надиҳед, ки беназорат бо оташҳои бенгалӣ бозӣ кунанд. Инчунин ба кӯдакон иҷозат надиҳед, ки мустақилона аз мушаки тарканда ва фейерверк истифода баранд!
Бехатарии кӯдакро дар зери нурҳои офтоб таъмин намоед!
Кӯшиш кунед, ки аз соати 10:00 то 17:00 дар зери нурҳои офтоб кӯдаки худро нигоҳ надоред ва муҳофизат намоед. Каллапӯшҳо (панама ё кулоҳ), либоси равшан, айнаки офтобӣ бо муҳофизати 100% нурҳои ултрабунафш ва марҳамҳои муҳофизатии обногузари дорои омили баланди муҳофизат аз офтобро (SPF 30 ё 50) истифода баред, ки барои пӯсти кӯдакон пешбинӣ шудаанд ва бояд мувофиқи дастури истеҳсолкунанда истифода бурда шаванд.