Суратҳои оилавӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Албомҳои оилавӣ
Машғулият аз чӣ иборат аст: Барои кӯдаконе, ки ба суратҳои рақамӣ одат кардаанд албоми оилавӣ –ин воситаи ҳиссиётии нақл кардани таърихи оила мебошад.
Вақт ёфта ҷойи қуллай барои тамошо кардани суратҳои оилавӣ интихоб намоед, ба кӯдакон аксҳои одамоне, ки шояд онҳоро медонанд ё ин ки мустақилона шинохта метавонанд, нишон диҳед. Албомҳоро дар мизи ошхона варақ задан мумкин аст ё ин ки ҳангоми бодиққат тамошо кардани як ё ду суратҳои муҳим, мумкин аст, ба роҳаткурсӣ нишаста онҳоро тамошо намуд.
Ба кӯдакон тахмин кардани оне, ки кадом кӯдак дар сурат акс ёфтааст писанд меояд. Барои онҳо навигарии калон метавонад он ҳолате бошад, ки биби ё бобояшон дар кӯдакишон ба онҳо хело монанд буданд. Кӯшиш кунед, ки суратҳои чор ё панҷ наслҳои оилаатонро дар як синну сол ёбеду монандиашонро муқоиса намоед. Эҳтимол ба Шумо лозим меояд, ки сабаби ранга набудани суратҳоро дар вақти пешина ба кӯдакон фаҳмонед.
Машғулияти ҷолиб – ёфтани сурати оилавие, ки ким кайҳо, вақте, ки Шумо ҷавонтар будед гирифта шудааст ва кӯшиш намудани бари дигар тарор намудани ин акс дар вақти ҳозира мебошад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Албомҳои кӯҳнаи худро ёбед ва ба сафари вақт ҳамроҳи фарзнадон, бибиҳо ва бобоҳо равон шавед. Ин машғулият водор менамояд, ки онҳо дар бораи ҳаёти оилаи Шумо то он даме, ки онҳо ба дунё омаданд андуша кунанд, дар як вақт он барои инкишофёбии малакаҳои эҳсосотию иҷтимоӣ ва ҳиссиёти хешутаборӣ мусоидат менамояд. Машғулияти ба ин монанд метавонад сохтани дарахти ирсӣ бошад.