Сурхшавӣ (шалҳидан)

Сурхшавӣ (шалҳидан) – зуҳуроти паҳншудаест, ки новобаста аз тарзи нигоҳубин кардани бадани кӯдакатон, метавонад пайдо шавад. Қариб ҳамаи кӯдаконе, ки уребча мепӯшанд, дар як марҳилаи муайян метавонанд ба сурхшавӣ гирифтор шаванд.
Body
Сабабҳои сурхшавӣ

Ба пайдоиши сурхшавӣ метавонад маҷмӯи зиёди омилҳо таъсир расонанд.

Сабаби асосӣ – муддати тӯлонӣ пӯшидани уребчаҳои тар ё ифлос мебошад. Таъсири давомноки намӣ, соишхӯрӣ ва хориҷшавии аммиак аз пешоб метавонад пӯсти кӯдаки Шуморо озурда кунад.

Таҳпӯшҳо-уребчаҳои часпакдор бештар озурдагии пӯстро зиёд мекунанд, зеро онҳо ба гардиши муқаррарии ҳаво халал мерасонанд ва минтақаи зери уребчаро намнок нигоҳ медоранд.

Бақияи собун ё боқӣ мондани маводи шустушӯӣ дар уребчаҳои такроран истифодашаванда пас аз шустани онҳо низ метавонад ба сурхшавӣ оварда расонад.

Баъзан дар кӯдакон бемориҳои дигар, аз ҷумла экзема, псориаз, пухтани даҳон ё пиодерматит пайдо мешаванд, ки метавонанд раванди сурхшавиро бадтар кунанд.

Аломатҳои сурхшавӣ

Пӯсти дунбаи кӯдак сурх ва дарднок мешавад. Баъзе минтақаҳо метавонанд варам кунанд ва дар пӯст низ метавонад тарқишҳо ба вуҷуд ояд, ки захмҳо ном доранд.

Доначаҳо метавонанд боиси нороҳатӣ ва дард гарданд, ки кӯдакро асабонӣ мекунанд.

Кай бо масъалаи сурхшавӣ ба табиби оилавӣ муроҷиат кардан мумкин аст

Шумо бояд кӯдаки худро ба назди табиб баред, агар:

  • агар барои табобат Шумо чораҳо бинед, аммо донасорӣ дар давоми як ҳафта нест нашавад;
  • обилаҳо, карахшҳо ё рихинакҳо пайдо мешаванд;
  • фарзанди Шумо асабонӣ мешавад ва хуб хоб намеравад;
  • дар кӯдак баландшавии ҳарорати бадан дида мешавад;
  • доғ зиёд мешавад;
  • дар минтақаи пӯсти узвҳои ҷинси писари Шумо сурхшавӣ ва варам пайдо мешавад, ё карахш пайдо мешавад.
Табобати сурхшавӣ

Бештар чорабиниҳои оддӣ роҳи беҳтари табобат мебошанд. Сурхшавӣ одатан дар давоми чанд рӯзи пас аз иҷро намудани амалҳои дар поён овардашуда кам мешавад ё аз байн меравад.

Уребчаҳои кӯдаки худро зуд-зуд иваз кунед

Зуд-зуд иваз кардани уребча минтақаи зери уребчаро хушк нигоҳ медорад ва имконият медиҳад, ки пӯсти кӯдаки Шумо шифо ёбад. Тақрибан ҳар соат кӯдаки худро тафтиш кунед, то бинед, ки оё уребчаи ӯ ифлосу тар шудааст ё не. Кӯшиш кунед, ки уребчаи тар ё ифлосро зуд-зуд иваз кунед. Уребчаҳои яккарата барои пешгирии сурхшавӣ беҳтаранд, зеро онҳо намиро бештар мегиранд.

Думбачаи кӯдаки худро “шамол диҳед”

Ҳар рӯз кӯдаки худро ҳадди имкон бе уребча монед. Шумо метавонед кӯдаки худро ҳатто ҳангоми хоб рафтанаш ба рӯи уребчаи кушода ё парпеч (бе либоси аз миён поён) хобонед. Шумо инчунин метавонед уребчаро он қадар сахт маҳкам накунед, то ҳаво озодона гардиш кунад.

Пӯсти кӯдаки худро тоза кунед

Пас аз ҳар як маротиба иваз кардани уребча, бо оби ширгарм ва болиштаки пахтагин ё латтачаи пахтагин эҳтиёткорона пӯсти кӯдаки худро шӯед.

Аз истифодаи сачоқчаҳои яккарата худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд пӯсти кӯдаки Шуморо ба ангезиш оранд ва баъзе кӯдакон метавонанд ба консервантҳои таркиби онҳо ҳассосият дошта бошанд.

Ҳангоми оббозӣ доронидани кӯдак маводҳои нарми собун надоштаро истифода баред ва аз истифодабарии собун ё кафк барои ҳаммом худдорӣ кунед. Пас аз оббозӣ доштан, пӯсти кӯдаки худро хушк карда як малҳами нармкунандаи оддӣ молед.

Ҳар маротиба пас аз иваз кардани уребча малҳами муҳофизаткунандаи мувофиқи кӯдакро истифода баред. Дар мавриди иваз кардани уребча ин малҳамро молед, то пӯсти кӯдаки худро аз тамоси мустақим бо пешоб ё наҷосат муҳофизат кунед.

Ҳангоми сурхшавӣ истифода бурдани хокаи талкдор тавсия дода намешавад. Агар кӯдак тасодуфан як қисми хокаи талкро нафас кашад, он метавонад нафаскашии кӯдакро мушкил кунад.

Маводҳои доруворӣ

Дар ҳолати сурхшавие, ки бо усулҳои оддии табобатӣ нест намешавад, табиби оилавии Шумо метавонад, истифодаи малҳами дорои маводҳои кортикостероидӣ ё малҳамҳое, ки доруҳои зиддибактериявӣ ва зиддизамбуруғӣ доранд, тавсия диҳад.

Пешгирии сурхшавӣ 

Ҳамеша минтақаи зери уребчаи кӯдакро тоза ва хушк нигоҳ доред. Уребчаро зуд-зуд иваз кунед ва кӯдаки худро бештар бе уребча гузоред.

Малҳамҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла вазелин ё равғанҳои дорои синк ва равғани ангат, метавонанд дар ҳолати хуб нигоҳ доштани пӯсти кӯдаки Шумо кӯмак расонанд.