Суруд дар бораи суроғаи ман

Маводҳои зарурӣ: Ном ва суроғаи фарзанди Шумо, ки бо ҳарфҳои калон дар варақ чоп шудааст (ин суроғаи манзили Шумо буда метавонад).

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Ба фарзандатон пешниҳод намоед, ки бо Шумо суруди махсус эҷод кунад. “Ин як суруди махсус хоҳад буд бо НОМ ва суроғаи ТУ - маконе, ки ману ту зиндагӣ мекунем! Мо метавонем ин сурудро якҷоя хонем ва баъдтар ба падар (ё аъзои дигари оила) хонем."

Калимаҳои оддии ба ин монандро истифода баред ва онҳоро ба оҳанги шинос илова кунед:

Ман Шахноза, ман Шахноза, ин номи ман, ин номи ман аст!

Ман дар кӯчаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекунам, дар кӯчаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекунам.

Ин суроғаи ман аст, ин суроғаи ман аст!

Сурудро якҷоя хонед. Дар баробари ин, Шумо метавонед ном ва суроғаи фарзанди худро дохил кунед. Онро тез-тез такрор намоед, супоришро дар хона ё ҳангоми сайругашти якҷоя иҷро намоед. Пас аз муддате, фарзанди Шумо метавонад онро мустақилона сарояд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вақте, ки фарзандатон ба мактаб омодагӣ мебинад, ном ва суроғаашро донистан муҳим аст. Суруд ба кӯдакон барои дар хотир нигоҳ доштани бисёр чизҳоро кӯмак менамояд, на танҳо ном, суроға, балки ҳарфи алфавит ва дигар маълумот. Дар хотир нигоҳ доштани суруд инчунин малакаи идрокиро инкишоф медиҳад, эҷоди муштарак муносибати Шуморо бо фарзандатон қавӣ мегардонад.