Сурудҳои оилавӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз

Машғулият аз чӣ иборат аст: Эҳтимол Шумо бо кӯдаки худ аз кӯдакӣ суруд мехонед. Акнун фарзанди Шумо аз сароидани баъзе сурудҳои дӯстдоштаатон лаззат мебарад. Бо сароидани яке аз сурудҳои содда ва ошное, ки фарзанди Шумо бо он шинос аст, оғоз кунед. Кӯдаки худро ташвиқ кунед, ки як қисми сурудро бо Шумо хонад. Шояд суруд сатри такрори оддӣ дошта бошад. Шумо инчунин метавонед аз хондани ин сатр даст кашед ва бигзор фарзандатон калимаҳои гумшударо пур кунад. Тамоми оила метавонад якҷоя ин вақтро хуш гузаронад. Шумо метавонед пай баред, ки фарзанди Шумо қисме аз ин сурудҳоро мустақилона ҳангоми бозӣ, ва ё ҳангоми хоб рафтан месарояд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият хотираи кӯдак ва малакаи тафаккури ӯро инкишоф медиҳад. Шояд ӯ аз сурудҳое, ки Шумо якҷоя мехонед, калимаҳои навро аз ёд мекунад.