Сурудхонии возеҳ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бо ин амали оддӣ ба кӯдаки худ кӯмак кунед, ки қобилияти шунидани садоҳоро инкишоф диҳад ва инкишофи нутқашро ангезиш диҳед.

Кӯдакон пас аз таваллуд танҳо масофаи 20-30 сантиметрро мебинанд, аз ин рӯ ҳама корро дар ҳамин масофа аз рӯи кӯдак анҷом диҳед. Диққати ӯро ҷалб кунед ва ягон суруди оддиро хонед. Қиёфаи руйро ҳар чи бештар истифода баред ва ҳамаи садоҳоро дуруст ифода кунед. 

Ин машғулиятро ҳадди аққал се маротиба дар як ҳафта такрор кунед, ё беҳтараш ҳар рӯз сурудҳои гуногунро хонед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Шарм надоред! Ифодаи аз ҳад зиёди чеҳраи Шумо кӯдакатонро шод хоҳад кард, инчунин ин хеле муфид аст, зеро дар ин синну сол барои кӯдакон муҳим аст, ки ба ҳаракати даҳон ва забони онҳое, ки бо онҳо сӯҳбат мекунанд, мушоҳида кунанд – ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки гап задан ва муоширатро ёд гиранд.