Тарс аз шахсони бегона: кӯдакони хурд ва синни калонтар
Тарс аз шахсони бегона: ин чист?
Тарсидани кӯдакони хурд ва синни калонтар аз шахсони бегона зуҳуроти муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, ин марҳилаи муқаррарии инкишофёбии кӯдак мебошад.
Чунин аксуламал вақте рӯй медиҳад, ки кӯдаки Шумо ба одамони наздике, ки ба Шумо монанданд, дилбастагии қавӣ пайдо мекунад. Кӯдакон муошират карданро бо калонсолоне, ки онҳо мешиносанд, афзалтар медонанд ва аксуламали онҳо ба одамони бегона метавонад гуногун бошанд: фарзандатон метавонад гиря кунад, ба изтироб афтад ё баръакс, пинҳон шавад, тарсад ё пинҳон шудан хоҳад.
Тарс аз бегонагон одатан дар синни 7-10 моҳагӣ зиёд мешавад. Он метавонад якчанд моҳ ё аз ин ҳам бештар давом кунад. Одатан тарс аз шахсони бегона аз синни 18 моҳагӣ то 2 солагӣ аз байн меравад.
Масалан, кӯдаки 10-моҳае, ки 6 моҳ боз дар назди доя нигоҳубин кардан мешавад, дар ҳолати омадани дояи нав метавонад асабонӣ шавад. Вақте ки доя кӯшиши ба ӯ наздик шуданро кунад ё аз дасти модар ё падараш ӯро гирад, эҳтимол кӯдак гиря карда сарашро ба гардани модараш гузорад.
Кӯмак ҳангоми тарс аз шахсони бегона: Шумо чӣ кор карда метавонед
Ҳарчанд тарс аз шахсони бегона як ҷузъи инкишофи муқаррарии кӯдакони синни бармаҳал ва хурд аст, Шумо метавонед чанд амалеро барои камтар асабонӣ нашудани фарзандатон анҷом диҳед.
Барои он ки кӯдаки Шумо дар ҳузури одамони бегона худро ором эҳсос намояд, аз усулҳои зерин истифода баред:
- Тарси фарзанди худро аз шахсони бегона нодида нагиред ва ба рафтори ӯ нахандед. Ин метавонад танҳо ташвиш ва тарси ӯро зиёд кунад.
- Вақте ки ӯ бо одамони нав вомехӯрад, дасти кӯдакатонро бигиред ё бигзоред, ки ӯ дар зонуи Шумо шинад.
- Агар имконпазир бошад, аввал дар хона фарзандатонро бо одамони нав шинос кунед. Хона -ҷоест, ки кӯдаки Шумо худро бароҳат ҳис мекунад.
- Агар кӯдак аз вохӯрӣ бо одами нав хеле асабӣ шавад, ӯро ором кунед ва рафтори дигарро истифода баред, масалан, якҷоя бозӣ кунед. Шумо инчунин метавонед кӯдакро аз шахси нав дур кунед, то кӯдак ором шавад. Пас аз муддате дубора кӯшиши ӯро бо шахсони бегона шинос намуданро намоед.
- Вақте ки Шумо барои кӯдакатон бо одамони нав вақт мегузаронед, бо худ чизе бигиред, ки ӯро ором кунад (бозича ё кӯрпа).
- Ором бошед.
Шитоб накунед
- То омода шудани кӯдакатон сабр кунед ва ӯро ба сӯи одамони нав тела надиҳед: «Ба назар чунин менамояд, ки ту каме бештар бо ман будан мехоҳӣ. Биё аввал ин китобро якҷоя бубинем."
- Вақте ки Шумо фарзанди худро бо шахси нав шинос мекунед, дар бари кӯдак бошед.
- Аз шахсони калонсоле, ки кӯдаки Шумо онҳоро намешиносад, пеш аз он, ки ба кӯдакатон наздик шуда дасти ӯро бигиранд, хоҳиш намоед, ки каме интизор шаванд.
Шиносоӣ бо одамони нав
- Шинос намудани кӯдаки худро бо одамони нав давом диҳед. Чӣ қадаре ки кӯдак барои вохӯрӣ ва фаҳмидани он, ки аз ҷониби шахсони бегона ба ӯ ягон хатар таҳдид намекунад, имконият дошта бошад, ҳамон қадар тарси эҳтимолии ӯ зудтар аз байн меравад.
- Ба фарзандатон рафтори боварибахши худро нишон диҳед: табассум, ҳолати ором, тамос бо чашм ва овози хушҳолона ба ӯ нишон медиҳад, ки Шумо одамони навро гарму ҷӯшон истиқбол мегиредва муносибати мусбӣ бо ӯ доред. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки Шумо аз одамони нав наметарсед.
- Ба кӯдаки калонтар кӯмак кунед, ки баъзе усулҳоро омӯзад, то ӯ бо истифода аз онҳо ҳангоми вохӯрдан бо одамони нав аз уҳдаи он баромада тавонад, масалан, "Биё якҷоя чанд нафаси ором мекашем" ё "Ана бӯсаи ман, ки туро тамоми рӯз муҳофизат мекунад. Маро ҳамин тавр бӯс?» Ин усулҳои оддӣ ба фарзанди Шумо кӯмак мекунанд, ки худро дар ҳузури шахсони бегона боварии бештарро нисбат ба худ эҳсос намояд.
- Дар бораи ҳиссиёти шахсони калонсол хавотир нашавед. Танҳо онҳоро огоҳ кунед, ки кӯдаки Шумо то ҳол дар назди одамони бегона буданро ёд гирифта истодааст.
Тарс аз шахсони бегона дар кӯдакони аз дусола боло
Тарс аз шахсони бегона дар аксари кӯдакони хурдсол тақрибан дар синни дусолагӣ коҳиш меёбад, аммо дар кӯдакони калонтар низ зуҳуроти мазкур кам нест.
Яке аз усулҳое, ки барои мубориза бо изтироб дар мавриди вохӯрӣ бо шахсони бегона кӯмак мекунад, ин ташвиқи намудани фарзандатон ба мустақилият ва эътимод ба қобилиятҳои худ, аз ҷониби Шумо мебошад. Вақте ки кӯдак худро мустақилтар ҳис мекунад, пас бо эҳтимоли зиёд, ӯ дар ҳузури шахсони бегона нисбат ба худ эътимоди бештар пайдо мекунад.
Якчанд маслиҳатҳое, ки ба кӯдаки Шумо барои мустақилияти бештари ӯ кӯмак мерасонанд:
- Бигзор кӯдаки Шумо барои худ якчанд амал, аз ҷумла хӯрокхӯрӣ, либоскашӣ ё либоспӯшӣ, омӯхтани муҳити нави бозӣ ё ихтироъ кардани бозиҳои навро омӯзад.
- Ба ӯ бисёр таҷрибаҳои нави мусбатро пешниҳод намуда ӯро бо одамони нав шинос кунед. Бо мурури замон ӯ мефаҳмад, ки ҳеҷ ҳодисаи бад рӯй намедиҳад.
- Кӯшиш кунед, ки дар ҳалли мушкилот шитоб накунед ва ба фарзандатон имконият диҳед, ки мустақилона бо онҳо мубориза барад.
- Ба дӯши кӯдаки хурдсолатон якчанд масъулиятҳои оддӣ, аз ҷумла ҷоба ҷогузории маводҳои харидашаванда ба аробача дар супермаркет, тафтиши қуттии почта ё оростани дастархонро вогузор намоед.
Қабули кӯмак
Аксарияти кӯдакони то дусола ҳангоми бо одамони нав истодан ба ташвиш меафтанд. Агар тарси фарзанди Шумо аз шахсони бегона дар давоми солҳои ояндаи ҳаёт идома ёбад, афзоиш ёбад ё ба шакли васвосӣ табдил ёфта ба инкишофи ӯ монеъ шавад, Шумо метавонед ба табиби кӯдакона, асабшинос ва равоншинос оид ба ташвишҳои худ ва қабули кӯмаки имконпазир муроҷиат намоед.