Тартиб додани реҷаи рӯз бо тасвирҳо

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Қоғаз ва фломастер ё ручка ва қалам; як ё якчанд китобҳои расмдор (агар онҳоро надошта бошед, Шумо метавонед тариқи бо ҳам часпондани расмҳои маҷалла дар саҳифаҳо ва якҷоя кардани онҳо ё кашидани расмҳои оддӣ китоби оддӣ созед); суратҳо аз маҷаллаҳо, агар Шумо онҳоро дошта бошед; тасма барои овезон кардани ҷадвал.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол кӯдакон мефаҳманд, ки ҳодисаҳо аксар вақт дар як пайдарпаии муайян (якум, дуюм, охирин) ва дар як вақт муайян рух медиҳанд. Вақте ки онҳо ба мактаб рафтанро оғоз мекунанд, ҷадвал барои онҳо муҳим мегардад. Ба аксар кӯдакон реҷаи оддӣ бо расмҳо маъқуланд ва кӯмак мекунанд. Якҷоя бо кӯдакатон Шумо метавонед онро созед, ки реҷаи муқаррарии хонаводагии шуморо инъикос кунад.

Як варақи калон ва чанд маркерро гиред. Шумо метавонед қадамҳои реҷаи ҳаррӯзаи худро рақамгузорӣ кунед. Пас бо фарзандатон фикр кунед: «Аввалин коре, ки Шумо ҳар рӯз мекунед? Оҳ, бархез!». Ва он гоҳ ба фарзандатон кумак кунед, ки чизеро ба мисли бистари худаш тасвир намояд. Шумо метавонед калимаҳоро чоп кунед ё ба фарзандатон барои иҷрои ин кор кӯмак кунед. Агар вақт дошта бошед ва фарзанди Шумо таваҷҷӯҳ дошта бошад, Шумо инчунин метавонед онҳоро нависед. Қисми боқимондаи рӯзро аз назар гузаронед, бо нигоҳ доштани соддагии он, аммо бо назардошти хӯрокхӯрӣ, мактаб, бозӣ дар ҳавои тоза ва ғайра Фарзанди Шумо метавонад гӯяд, ки рӯзҳои истироҳат гуногун буда метавонанд ва ӯ мехоҳад барои ин рӯзҳо ҷадвали дигар созад.

Вақте ки ҷадвал омода аст, онро ба ҷое овезед, ки фарзандатон ва Шумо онро дида тавонед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Шумо малакаҳои тафаккурии фарзанди худро тавассути ташкили рӯйдодҳои як рӯзи муқаррариро бо тартиб ё пайдарпаии мушаххас инкишоф медиҳед (он инчунин ба рушди малакаҳои риёзии кӯдакон мусоидат мекунад). Бисёр кӯдакон худро аз ҷиҳати эҳсосӣ вақте бехатар ҳис мекунанд, ки онҳо аниқ медонанд, чиро бояд интизор шуд, махсусан вақте, ки бисёр ҳодисаҳои ҳаётиаш пешгӯинашаванда буданд.