Тарзи сохтани пластилин
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: 2 пиёла орди оддӣ, ½ пиёла намак, 2 қошуқи равғани растанӣ, рангкунаки ғизоӣ, аз 1 то 1½ пиёла оби гарм, коса, қошуқ барои омехтан.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Оё Шумо медонед, ки чӣ гуна дар хона пластилин тайёр кардан мумкин аст? Ин роҳи арзон, осон ва боэътимоди ҳамроҳ ва шавқовар гузаронидани вақт бо фарзандатон мебошад! Бо хоҳишатон Шумо метавонед пластилинро бо истифода бурдани рангҳои гуногун, ҷило ё ҳатто бӯй иваз намоед. Пластилин хеле гуногунҷабҳа аст. Онро бо мақсади таълим истифода бурдан мумкин аст ва он ҳеҷ гоҳ ба дил намезанад!
Қадами 1 Орд, намак ва равғанро дар зарфе якҷоя кунед.

Қадами 2
Агар хамири якранг тайёр кардан меҳоҳед, ба оби гарм рангкунаки ғизоиро илова кунед, зеро ин роҳи осонтари ба даст овардани ранги якхела аст, агар не, ба қадамҳои аз 3 то 5 гузаред.

Қадами 3
Оҳиста ба коса каме об илова кунед. То ҳамвор ва яклухт шудани ранг омехта кунед.

Қадами 4
Хамирро бо шиддат хамир кунед, то даме ки тамоми часпакӣ нест шавад. Агар он ҳанӯз каме часпанда бошад, Шумо метавонед каме орд илова кунед, то мутобиқати комил ба даст оред.

Қадами 5
Агар шумо хамирро аз рангҳои гуногун, бӯй ё заалакҳо тайёр кунед, вобаста аз чанд намуде, ки мехоҳед, хамирро ба қисмҳои баробар тақсим кунед. Хамирро ба халтаҳои хурд тақсим кунед ва чанд қатра рангкунаки ғизои, хушбӯйкунанда ва ё зарҳалак илова кунед. Ҳар он қадар саховатманд бошед, ранг ҳамон қадар равшантар ва ҷилотар хоҳад буд. Хамирро дар дохили халта хамир кунед, то ки дастонатонро ранг накунед. То пурра омехта шуданаш хамир карданро идома диҳед.

Пластилинро дар зарфи пӯшида ё дар халтаи фишанда нигоҳ доред (ҳаворо фишор диҳед), то ки чанд моҳ тоза нигоҳ дошта шавад! Дар ҷойи хушк ва салқин нигоҳ доред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар ин машғулияти шавқовар фарзанди Шумо малакаҳои хуби ҳаракатро инкишоф медиҳад, дақиқтараш бо истифодаи ангуштҳо ва дастҳо. Фарзандатон ҳамроҳи шумо вақти хуш гузаронда бисёр чизҳоро меомӯзад