Тасаввур кунед, ки бистарии Шумо ...
Маводҳои зарурӣ: Лозим нест
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Ҳангоме ки кӯдакон дар болои кат менишинанд, онҳоро даъват кунед, то дар бораи он фикр кунанд, ки кат боз чи буда метавонад. Ин паровоз аст ё ҳавопаймо? Киштӣ дар амалиёти наҷотдиҳӣ?! Онҳо ба куҷо мераванд ва чиро дида мешавад?
Онҳо метавонанд зери кӯрпаҳо пинҳон шаванд ва дар ғор худро ҷодугар вонамуд карда нӯшобаи сеҳрнок омода кунанд. Ё шояд онҳо бо хирсаки махиалӣ дар ҷангали торик пикник ташкил мекунанд?!
Барои завқмандии бештар якчанд бозича ва ашёеро пешниҳод намоед, ки онҳо барои эҳё кардани моҷарои кӯдакон кӯмак мекунад! Ба хаёлоти онҳо озодӣ бахшед....
Машғулиятро ба бозии чистон табдил диҳед. То он вақте, ки бозингар (бозингарон) дар кат ҳаст (анд), дигар нафар кӯшиш мекунад, ки сенарияи тахминиро ёбад.
Фарзанди шумо чиро меомӯзад: Кӯдакон тахаюлоти беандоза доранд ва метавонанд қариб аз ҳама чиз бозӣ созанд! Чаро ин машғулиятро низ дар рӯзи боронӣ санҷида набароем?