Таъсироти нохоҳами эҳтимолӣ пас аз гузаронидани ваксинаи БСЖ
Пеш аз ҷавоб додани кӯдак аз таваллудхона бо мақсади инкишоф додани қувваи муҳофизатии организми кӯдак ба зидди бемории сил дар китфи чапи ӯ ваксинаи БСЖ, ки дорои бактерияҳои кушташудаи Bacillus Calmette Guerin (Mycobacterium bovis BCG) мебошад, гузаронида мешавад.
Body
Чун дигар мавридҳо дар мавриди воридкунии ин ваксина низ эҳтимоли пайдоиши таъсироти нохоҳам ҷой дорад.
Таъсироти нохоҳами эҳтимолӣ:
- Аксуламали нисбатан зиёд бо ҳосилшавии захмча, ки муддати тӯлонӣ боқӣ монда дар ҷойи он ҳадшаи нисбатан калонҳаҷм пайдо мешавад.
- Аксуламали нисбатан зиёду тӯлонӣ дар ҷойи сӯзандору ва гиреҳҳои лимфавии канорӣ, ки метавонанд илтиҳоб гиранд (БСЖит), ки баъди он ҳадша ҳосил шуда баъзан метавонад ин раванд дар зери пӯст ба охир расад, ки боиси пайдоиши ҳосилаҳои ҳалқашакл мегардад.
- Эҳтимоли пайдоиши аксуламалҳои аллергикӣ, бо намуди донасорӣ, саглес, хориш ва дар баъзе мавридҳо аксуламалҳои аллергикӣ низ ҷой дорад.
- Дар баъзе мавридҳо аксуламал нисбат ба воридкунии ваксина метавонад бо илтиҳоби буғумҳо ва устухонҳо зоҳир шавад.
Тавсияи ягона оид ба табобати БСЖит вуҷуд надорад. Дар бештари мавридҳо бояд назорати заминавӣ бурда шавад ва дар охир худ аз худ сиҳатшавӣ дида мешавад. Баъзан заҳкашгузории ҷарроҳии лимфагиреҳ низ иҷро карда мешавад.
Аксуламалҳои дерина нисбат ба эмгузаронӣ табобат карда мешаванд.