Таъсироти нохоҳами эҳтимолӣ пас аз гузаронидани ваксинаи БСЖ гепатити В
Дар миқдори ками кӯдакон чун дар мавриди истифодабарии ҳама гуна дорувориҳо ин ваксина низ метавонад боиси пайдоиши таъсироти нохоҳами муваққатӣ гардад, ба монанди:
- ҷузъӣ: дард, сурхшавӣ ва сахтшавӣ;
- нест шудани иштиҳо;
- хоболудӣ;
- асабоният, бехобӣ;
- ҳисси беҳолӣ;
- дарди сар;
- қайкунӣ, шикамравӣ;
- каме баланд шудани ҳарорати бадан.
Аксуламалҳои мазкур сабук ба ҳисоб рафта дар давоми якчанд шабонарӯз мустақилона нест мешаванд.
Пас аз ваксинагузаронӣ дар баъзе мавридҳо (камтар аз 1 ҳолат дар 10 000 нафар) аксуламлаҳои ҷиддии аллергикӣ бо намуди варами рӯё ва чеҳра, душворшавии нафаскашӣ, беҳолии умумӣ бо сарчархзаниву беҳушшавӣ ва кабудшавии пӯст дар ҳолатҳое пайдо мешаванд, ки кӯдак ҳоло дар дармонгоҳи кӯдакона бошад.
Маслиҳат:
Агар пас аз ҷавоб шудан аз муассисаи тиббӣ дар кӯдаки Шумо ягон аксуламали дар боло номбаршуда дида шавад, он гоҳ зуд ба табиби кӯдакона ё ба шӯъбаи кӯмаки фаврӣ муроҷиат намоед.
Пас аз воридкунии ваксина бо мақсади назорат бурдан оиди ҳолати кӯдак боз 10 дақиқаи дигар дар толор интизор бошед.