Тавсияҳои умумӣ барои кӯдакони дорои вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ

Кӯдак метавонад бо сабаби аз меъёр зиёд хурдани ғизо ва ё аз ҷиҳати ҷисмонӣ камфаъол будан дорои вазни зиёдатӣ шавад. Ба ин тағирот муҳит ва роҳҳои нигоҳубин кӯдак, инчунин ихтилоли эҳтимолии ирсӣ мусоидат карда метавонанд. Вазни зиёдатӣ метавонад боиси мушкилоти сершумори саломатӣ дар кӯдакӣ гардад, ва ҳамчунин баъдтар дар синну соли калонтар  -  хусусиятҳо ва вайроншавии устухонҳо ва буғумҳо, бемориҳои дил ва рагҳои хун, диабети қанд; мушкилоти равонӣ (депрессия ва пастравии сатҳи худбоварӣ) гардад.
Body

Агар шумо мушоҳида намудед, ки кӯдаки шумо вазни зиёдати дорад ба духтури атфол (педиатр), барои муоина муроҷиат намоед.

Тавсияҳо барои кӯдак:

Ғизои беҳтарин барои кӯдакон – шири модар, аст ки дар таносуб  ҳамаи элементҳои ғизоиро дорост, бинобар ин  ҳамчун ғизои лозима дар 6 моҳи аввал ва минбаъд бо ҷорӣ намудани маҳсулоти ғайриширӣ тавсия дода мешавад.

Тавсияҳо барои кӯдакони аз 6 моҳа боло

Боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдаки шумо аз 6-моҳа боло хӯрокҳои дигарро бо миқдори мувофиқи синну сол ва тавсияҳо оид ба ғизои лозима дар ин синну сол мехӯрад. Агар ин тавр набошад, тағйироти зарурро ворид намоед.

Ба он диққат диҳед, ки шумо чӣ гуна кӯдаки худро мехӯронед. Ӯро маҷбур накунед, ки тамоми хӯрокҳои пухтаатонро бихӯрад, эҳсосоти ӯро нисбати сер буданаш ба назар гиред. Ӯро ҳавасманд кунед, ки мустақилона хӯрок бихӯрад, онгоҳ ӯ  сер шуданашро, беҳтар ҳис мекунад ва медонад. Кӯдаки шуморо ташвиқ кунед, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол бошад ва кӯшиш кунед, ки  то ҳадди аққал  30 дақиқагӣ бозиҳои фаъолро дар болои фарш таъмин кунед. Хоби шабона бояд вобаста ба синну соли кӯдакатон  ва ниёзҳои ӯ аз 12 то 17 соат бошад. Истифодаи тавсияҳо барои ғизои дуруст ва фаъолияти ҷисмонии кӯдакатон аз синни бармаҳал имконияти зиндагии солим ва муваффақро зиёд мекунад.