Тавсияҳои умумӣ барои кӯдакони синни дусола бо вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ

Вазни зиёдатии бадан одатан дар натиҷаи аз ҳад зиёд истеъмол намудани ғизо ё ин ки ба таври кофӣ бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул нашудан пайдо мешавад. Вазни зиёдатӣ дар тамоми давраи ҳаёт ба мушкилиҳои зиёд бо саломатӣ оварда мерасонад, бинобар ин онро бояд саривақт ошкор намуда бартараф кард.
Body

Вазни зиёдатӣ аксар вақт дар натиҷаи истеъмоли аз ҳад зиёди ғизо ё фаъолияти нокифояи ҷисмонӣ, дар ҳолатҳои кам – аз сабаби ихтилоли генетикӣ рух медиҳад. Тағйирот дар муҳити атроф ва тарзи нигоҳубини кӯдак низ метавонад ба вазни бадан таъсир расонад ва бояд инро бодиққат ба назар гирифт. Вазни зиёдатӣ ба мушкилоти сершумори саломатӣ оварда мерасонад: деформатсияи устухонҳо ва буғумҳо, бемориҳои дил ва рагҳо, бемориҳои эндокринӣ, депрессия, паст шудани худбоварӣ ва сатҳи таълим дар синни баъдӣ, бинобар ин муайян кардани вазни зиёдатӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ муҳим аст.

Агар шумо дидед, ки вазни фарзандатон зиёд шуда истодааст, шумо метавонед ӯро ба назди духтури атфол (педиатр) барои аз муоина муфассал гузарондан баред.

Тавсияҳо барои кӯдак:

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди шумо ба миқдори кофӣ хӯрок мехӯрад ва миқдору таркиб ғизо мувофиқи тавсияҳо оид ба парҳезӣ ва мувофиқи синну сол бошад;
  • Ӯро ба хӯрдани сабзавоти рангоранг (алалхусус сабзи торик, сурх ва оранҷи) ва меваҳои гуногуни ҳавасманд ва тарғиб кунед;
  • Афшураи меваи табииро танҳо ҳангоми хӯрок додан мумкин аст, ба миқдори на зиёд аз 120-180 мл;
  • Ба ҷои обу моеъи ширин (чойҳои шакарӣ, афшураҳои саноатӣ, обҳои ширини газнок) ҳар вақте, ки ташна бошад, ба фарзандатон оби тоза пешниҳод кунед;
  • Нон, маҳсулоти макарон ва орди ғаладонаро интихоб кунед;
  • Хӯрокҳои дорои сафедаи солим тавсия дода мешавад ба монанди: мурғ, лӯбиёгӣ, панирҳои камравған ва ғ.
  • Шумо метавонед ба кӯдакони 1-2-сола шири пурра пастеризатсияшуда ва ба кӯдакони аз 2-сола боло шири камравған диҳед;
  • Гуногунии ғизо ва тавозуни кам истифодабарии хурокҳои коркардкардашударо таъмин намоед;
  • Ба фарзандатон хӯрокҳое, ки калорияҳои зиёд дорад ва шӯр аст (маҳсулоти пухтаи серравған, газакҳо, чипсҳо) надиҳед, чунки ӯро сер карда иштиҳо ба хӯрокҳои серғизо ва фоидаовар кам мекунад;
  • Ба фарзандатон хӯрокҳои ширин пешниҳод накунед: шириниҳо, кулчақандҳо, шоколад, шири шоколад;
  • Бо фарзандатон сӯҳбат кунед, то ки ӯ фаҳмад, ки шумо ӯро дастгирӣ мекунед;
  • Ба тағирёбии тадриҷии фаъолияти ҷисмонӣ ва ниёзҳои ғизоии тамоми оила диққат диҳед, то ки кӯдак худро танҳо ҳис накунад;
  • Ба фарзандатон намунаи мусбат нишон диҳед;
  • Парҳез, фаъолият ва реҷаи хобро таҳия кунед, ва ба ӯ вақти кофӣ барои хоб диҳед;
  • Дар назди экран нишастанро (планшет, телевизор, телефон) то 1 соат маҳдуд кунед;
  • Агар кӯдак аз 2-сола боло бошад, ӯро ба машқҳои ҷисмонии мӯътадил ва фаъол ҷалб намоед, машқҳоро ба фосилаи кӯтоҳтаре тақсим кунед, ки ба кӯдак ва тамоми аъзоёни оила писанд оянд ва барои иҷрои он душвор нест (қадам задан, шиноварӣ, ҷаҳидан, бозӣ бо тӯб, дучархаро истифода бурдан) дар давоми рӯз на камтар аз 60-90 дақиқа бошад.

Тағйиротҳо ва одатҳои наверо, ки тамоми оилаи шуморо солим ва фаъол мегардонад ташвиқ намоед!