Тайёр кардани лавозимот ва ҷои оббозӣ

Омода кардани кӯдак, ҷой ва лавозимот барои оббозӣ як одати муҳимест, ки боиси осон намудани нигоҳубини кӯдак мегардад ва оббозиро барои тамоми оила ба хурсандӣ табдил мегардонад.
Body
  • Одатан кӯдакони навзодро дар ҳамон ҳуҷрае, ки хоб мекунанд, оббозӣ медоранд. Ҳаракат накунед, ки кӯдакро дар болои дастонатон дар ванна оббозӣ доронед.
  • Пеш аз оббозӣ ҳуҷраеро, ки кӯдакро дар он оббозӣ медоронед, ҳавояшро иваз намоед ва ҳарорати онро то 24-26 дараҷа гарм кунед, пеш аз оббозии кӯдак ванна ва дастҳоятонро бишӯед.
  • Ҳарорати об бояд аз 35 то 37 дараҷа бошад; онро бо термометри обӣ тафтиш кунед.
  • Либоси кӯдакро кашед; агар уребча ифлос бошад, ҳатман бо латтаи мулоими намнок ё пахтагин ҳама ифлосиҳоро аз узвҳои таносули кӯдак тоза кунед.
  • Тавсия дода мешавад, ки кӯдакро тақрибан дар як вақт оббозӣ доронед, одатан пеш аз хоб ва ғизо додан.
  • Кӯшиш кунед, ки ӯро фавран пас аз хӯрок додан оббозӣ надоронед.
  • Барои оббозӣ ба Шумо чизҳои зерин лозим мешавад: тағорача, дастмол бо сарпӯш, рӯйпӯш, собун ё кафк барои оббозӣ, кружкаи оббозӣ, либоси тоза ва хушк барои кӯдак, креми намноккунанда барои памперс, маҷмӯаи нигоҳубини нохун, чотка ва шона, гирдаҳои пахтагӣ, маҳлули физиологӣ, лосён ё креми бадан.
  • Вақте ки Шумо оббозӣ дорондед, кӯдаки худро бо дастмол печонед ва бо нармӣ ӯро рӯйи мизи ивазкунанда гузоред.
  • Ҳар чизе, ки ба Шумо лозим аст, бояд дар зери дасти Шумо бошад, зеро тифле, ки нав оббозӣ дорондед, набояд кушода монед.