Театри сояҳо
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Чароғ ва чароғи дастӣ
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои оғоз кардани бозӣ, Шумо бояд омода бошед:
- Дар девор ҷойи равшанеро пайдо кунед ё матоъи сафед овезед. Дар пеши вай чароғ гузоред ё чароғи дастиро ба сӯйи ӯ гузошта даргиронед.
- Дастҳоятонро дар байни чароғ ва девор ҷойгир кунед ва бубинед, ки дастҳои Шумо чӣ гуна соя меафкананд. Шумо метавонед тавассути ҳаракат додани кафи худ дур ва ба манбаи рӯшноӣ наздиктар кардан дасти калон ва хурд ҳосил намоед. Кӯшиш кунед, ки бо якҷоя кардани кафҳои худ ва хам кардани ангуштони худ, шабпарак созед.
- Бо шаклҳои гуногун таҷриба гузаронед. Кӯшиш кунед, ки дастони худро ба шакли шабпарак, харгӯш, гов, оҳу, саг, хар ё мурғоб намоед.
Дар байни бозии сояҳо ва кино шабоҳати зиёде мавҷуданд ва дар ҳарду ҳолат нур барои инъикоси тасвирҳо дар экран истифода мешавад. Кӯшиш кунед, ки садо, мусиқӣ ё ҳатто рангҳоро ба театри сояҳо илова намоед, то он каме фазои кинематографӣ дошта бошад.
Ба сояҳои кахрамонии худ садоҳои хандовар дода, онҳоро ҷанг андохта ё ба огуш гирифта, аз самими қалб ҳаловат баред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Он чизеро, ки кӯдак меомӯзад: Ин бозӣ тасаввуротро ба ангезиш меорад, зеро Шумо бо дасти худ соя ҳосил мекунед. Кӯдакон дар бораи сояҳо ва самти рӯшноӣ бештар маълумот мегиранд. Бо як ҳаракати дасти худ қаҳрамонҳои худро зинда карда ягон ҳикояи ҷолиб нақл кунед.