Телефони ресмонӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: стаканҳои қоғазӣ, ресмони ғафс ё арғамчин (дарозиаш аз 10 то 15 м).
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бо истифода аз қалам ё сӯзани калон, дар поёни ҳар як стакани коғазӣ эҳтиёткорона сӯрох кунед. Сипас, нӯги ресмонро аз ҳар як сӯрохи стакан гузаронед ва дар ҳар як нӯги он гиреҳ бандед, то аз стакан берун наояд. Телефони ресмонӣ омода аст!
Вақти он расидааст, ки онро аз санҷиш гузаронем. Ду кӯдакро бигзоред, ки ҳар кадом як стакан гиранд ва ба ду тараф раванд, то арғамчин дар байни онҳо таранг шавад. Пас якеаш ба стакан бигӯяд ва дигаре стаканро ба гӯшаш наздик кунад. Шумо мешунавед? Бигзор онҳо бо навбат сухан гӯянд ва гӯш кунанд.
Қоидаи бозиро ба кӯдакон фаҳмонед: вақте ки онҳо ба стакан гап мезананд, онҳо мавҷҳое ба вуҷуд меоранд, ки деворҳои стаканро ба ларзиш меоранд. Ин ларзишҳо бо воситаи ресмон ба стакани дигар интиқол дода мешаванд ва дар он ҷо онҳо боз ба мавҷҳои садо табдил меёбанд - ва аз ин рӯ кӯдакон якдигарро мешунаванд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулияти эҷодӣ - як роҳи ҷолибест, ки ба кӯдакон чӣ будани садоро мефаҳмонад. Кӯдакон мафҳуми мавҷҳои садоро меомӯзанд ва чӣ тарз сохтани асбобро барои шунидани якдигар аз дур, бо истифода аз оддитарин маводҳо, ёд мегиранд.