Тоб хӯрдани кӯдак
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз кардан, фазои бароҳат ва бехатарро омода намоед. Шумо метавонед дар болои гилемча, кӯрпа ё кат ин машқро иҷро кунед.
Аввалан кӯдаки худро ба тахтапушт гузоред ва дастҳо ва пойҳояшро нарм ҳаракат диҳед, то ӯро ба ҳаракатҳо одат кунонед. Пас аз он дасту пои росташро гирифта, нарм, хеле боэҳтиёт, кӯдакро ба тарафи чап гардонед ва ба чарх заданаш кӯмак кунед. Ӯро таъриф кунед ва бигзоред, ки дар ин мавқеъ дам гирад. Пас кӯдаки худро ба тахтапушт баргардонед ва машқро такрор карда ӯро ба тарафи дигар гардонед. Ба кӯдаки худ вақти кофӣ диҳед, то истироҳат кунад ва танҳо дастҳо ва пойҳои худро ҳаракат диҳад.
Ин машқро ду ё се маротиба ҳангоми иваз кардани уребча ё ҳар вақте ки кӯдак дар рӯи сатҳи ҳамвор хобида бошад, иҷро кардан мумкин аст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ин машқ Шумо ба фарзандатон барои мустаҳкам кардани дасту пойҳояш кӯмак мерасонед ва ба ӯ чарх заданро ёд медиҳед.