Тонзиллит
Тонзиллит
Тонзиллит — ин илтиҳоби бодомакҳо дар даҳон мебошад.
Сабаби пайдоиши тонзиллит одатан вирусҳои барангезандаи зуком, ринит ва вараҷаи ғадудӣ (мононуклеози сироятӣ) ба ҳисоб мераванд.
Баъзан тонзиллит дар заминаи сирояти бактериалӣ пайдо мешаванд, вале дар бисёр мавридҳо сироятҳои бактериалӣ аз вирусиро фарқ кардан душвор мебошад.
Ба сабабҳои бактериявӣ сирояти стрептококкӣ (Streptococcus A) мансуб аст. Агар ин сироят табобат карда нашавад боиси пайдоиши оризаҳо шуда метавонад, аз ҷумла ба махмалак, баъзан вараҷаи тарбодӣ ва зарарёбии гурдаҳо (гломерулонефрит) оварда мерасонад.
Дар кӯдакони то синни 3 сола тонзиллити бактериявӣ кам вомехӯрад.
Бодомакҳо – ин ҷамъшавии бофтаҳои ду тарафи қисми қафои ҳалқ мебошад. Онҳоро дар мавриди калон кӯшодани даҳони кӯдак дидан мумкин аст. Бодомакҳо – ҷузъи системаи масунӣ мебошад.
Аломатҳои тонзиллит
Агар кӯдаки Шумо гирифтори тонзиллит бошад ӯ аз дарди гулӯ шикоят мекунад. Дар кӯдак эҳтимолан ҷой дошта метавонад:
- душворшавии фурӯбарӣ;
- ҳарорати баланди бадан;
- гиреҳҳои лимфавии калону варамнок дар гардан;
- дарди сар;
- маҳкамшавии бинӣ ва дигар аломатҳои шамолхӯрӣ.
Вобаста ба сабабҳои сироят дар бадани кӯдак доначаҳо пайдо мешаванд.
Аломатҳои тонзиллит одатан пас аз якчанд рӯз камтар шуда дар муддати ҳафта нест мешаванд.
Оё дар мавриди шубҳа намудан аз тонзиллит кӯдакро ба табиби кӯдакона нишон додан лозим аст?
Ба табиби кӯдакона муроҷиат намоед, агар:
- кӯдак нӯшидан намехоҳад
- қай мекунад
- аз дарди сахти сар шикоят мекунад.
- кӯдак рангпарида ва хоболуд аст
- нафас кашидан ва фурӯбарӣ душвор аст
- аз дард ва шах шудани мушакҳои гардан шикоят мекунад.
- аз шах шудани ҷоғ шикоят мекунад
Агар чунин аломатҳо дар кӯдаки Шумо ҷой дошта бошанд, пас ба табиби кӯдакона муроҷиат намоед.
Озмоишҳо барои ташхиси тонзиллит
Табиби кӯдакона метавонад барои муайян намудани барангезандаи вирусӣ ё бактериявии беморӣ молишак аз гулӯ таъин намояд.
Ҳамчунин табиби кӯдакона метавонад барои муайян намудани вараҷаи ғадудӣ таҳлили хун таъин намояд.
Табобати тонзиллит
Агар сабаби пайдоиши сирояти вирус бошад пас ба кӯдаки Шумо доруҳои антибактериалӣ лозим нестанд.
Барои табобати тонзиллит дар кӯдакони аз 3 сола хурд табобати антибактериалӣ дар баъзе мавридҳо лозим мебошад.
Табиби кӯдакона танҳо дар он маврид ба кӯдаки Шумо доруҳои антибиотикӣ таъин менамояд, ки агар барангезанди беморӣ бактерия бошад.
Табобати антибиотикӣ барои пешгирӣ аз вараҷаи тарбодӣ на дертар аз 9 шабонарӯзи пас аз пайдоиши аломатҳои беморӣ таъин карда мешаванд.
Шумо метавонед аломатҳои бемориро дар кӯдакатон коҳиш диҳед, агар иҷро намоед:
- кам-кам вале ба миқдори зиёд моеъ нӯшонед. Ин беобшавии организмро пешгирӣ мекунад.
- дар ҳолатҳои зарурӣ бо вояи тавсияшуда доруи парасетамол диҳед.
Тонзиллэктомия — ин бурида гирифтани бодомакҳои окм мебошад.Тонзиллэктомия ин амалиёти стандартӣ нест. Сабаби асосии гузаронидани амалиёти тонзиллэктомия ин ҳаҷман калон шудани бодомакҳо, ки боиси пайдоиши монеаҳои ҷиддии ҳавогузарӣ, асосан шабона ба шушҳо мегардад (маҳкамшавии роҳҳои болоии нафас), мебошад. Сабаби дигари тонзиллэктомия авҷгирии пайдарпаи тонзиллит дар кӯдакон мебошад. Агар табиби кӯдакона гумон намояд, ки гузаронидани амлиёти тонзиллэктомия ба фарзанди Шумо муфид аст, ӯ Шуморо ба назди табиби гӯш, гулӯ ва бинӣ равон мекунад.