Ту чиро интихоб мекунӣ?

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Шумо бо навбат савол дода баъдан ба онҳо ҷавоб медиҳед! Барои ҳар як савол кӯдакон бояд варианти дилхоҳи худро интихоб кунанд ва фаҳмонанд, ки чаро ин ҷавоб ба онҳо бештар маъқул шудааст. Шумо метавонед бо мисолҳои дар поён овардашуда оғоз карда, сипас кӯшиш кунед, ки худатон савол тартиб диҳед. 

  • Шумо чиро интихоб мекардед - таоми гарми дӯстдоштаи худро ҳангоми хунук будан ё таоми хунуки дӯстдоштаатонро ҳангоми гарм будан?
  • Шумо чиро интихоб мекунед – ҳама намуди бӯйҳоро бештар фаҳмидан ё тамоман бӯйро ҳис накардан?
  • Шумо чиро интихоб мекунед - аз ҳад гарм будан ё хеле сард будан?
  • Шумо чиро интихоб мекунед – забони мисли мор ё забони мисли гурба доштан?
  • Шумо чиро интихоб мекунед - мисли парранда парвоз кардан ё мисли моҳӣ дар зери об нафас гирифтан?
  • Шумо чиро интихоб мекунед - ҷомаи сеҳрноки ноаён ё соате, ки вақтро бозмедорад?
  • Шумо чиро интихоб мекунед - танҳо бо пичиррос муошират кардан ё бо овози баланд?
  • Шумо чиро интихоб мекунед - фармон додан ба об ё оташ?

Барои боз ҳам шавқовартар шудани ҷавобҳои додашуда метавонед мусобиқа ташкил кунед!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият барои такмили тафаккури интиқодӣ истифода мешавад! Кӯдакон бо ҳодисаҳои аҷиб рӯ ба рӯ шуданро омӯхта, малакаи қабули қарорро дар худ такмил медиҳанд, барои қабули қарорҳо далелҳоро истифода мебаранд ва интихоби худро асоснок мекунанд. Ва аз ҳама муҳимаш, ҷавобҳо метавонанд то дараҷае ғайриоддӣ бошанд!