Тӯб дар сабад
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Як тӯби хурд, ё ки Шумо метавонед ҷӯробҳои ғафсро ба шакли тӯб печонида шударо истифода баред; қуттии калон, коса ё сабади калон.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Қуттие ё сабадро дар маркази ҳуҷра ҷойгир кунед ва худатон аз он каме дуртар истед. Барои ҷалби таваҷҷӯҳи кӯдак, Шумо метавонед аввалин шуда тӯбро ба сабад партоед, ва нишон диҳед, ки Шумо аз ин лаззат мебаред. Наздиктар истед, то ки барои партофтани тӯб осонтар шавад. Вақте ки кӯдак шавқманд мегардад, бигзор ӯ худаш кӯшиш кунад, ки тӯбро партояд. Дар ин синну сол зарба задан ба сабад барои баъзе кӯдакон душвор буда метавонад, аммо ҳатто агар онҳо тӯбро партофта натавонанд ҳам, арзиш ва лаззати ин машғулият дар машқ ва рушди ҳаракати партофтан аст. Бо ҳар як партофтани тӯб аз ҷониби фарзандатон ӯро бо калимаҳо, табассум, карсакҳо рӯҳбаланд кунед. Кӯшиш кунед, ки бо навбат партоед (шарҳ диҳед: "Навбати ман аст! Ҳоло навбати туст!" ва бигӯед, ки чӣ кор карда истодаед: "Аъло партофтӣ!", ё ки “О, тӯби ту ба курсӣ афтид гирифта биё!”). Новобаста аз муваффақият ҳар як зарбаи кӯдакатонро дастгирӣ намоед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо ҳаракатҳои шуморо такрор карда, малакаи моторики калон ва ҳамоҳангсозии ҳаракатҳоро инкишоф медиҳад. Ҳамроҳи Шумо бозӣ карда, ӯ инчунин маънои навбат ва ягон чизро бо навбат иҷро карданро меомӯзад.