Тӯббозӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Тӯбҳои гуногунҳаҷм.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғози бозӣ, ҷойро омода намоед. Кӯдакатонро дар наздатон дар болои курсии кӯдакона ё гилем шинонед, то ки барои ӯ бароҳат бошад.

Дар назди кӯдак ду тӯб гузоред ва онҳоро паиҳам ба ӯ нишон диҳед. Бигзор кӯдак ба онҳо расад, дида барояд ва омӯзад. Сипас тӯбро ба як дасти ӯ диҳед ва ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ тавр тӯбро аз як дасташ ба дасти дигараш гирад. Акнун бигзор кӯдак кӯшиш намояд, то амалҳои зикршударо такрор кунад.

Агар Шумо тӯб надошта бошед, метавонед ягон бозичаи хурдро истифода баред. Дар хотир доред, ки кӯдаки Шумо метавонад ҳама чизро дар даҳони худ кунад ва бинобар ин ҳар бозичае, ки истифода мебаред, бояд тоза ва калонҳаҷм бошад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин машқ кӯдак бодиққат ва бошуурона аз як даст ба дасти дигар гирифтани бозичаҳоро ёд мегирад.