Тӯби аввалини ман
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Тӯби калони варзишӣ (онро бо болишти доирашакл иваз кардан мумкин аст).
Машғулият аз чӣ иборат аст: Пуфакҳои калон дар бисёр бозиҳо бо кӯдакон лозим меоянд. Яке аз бозиҳое, ки шумо метавонед бо ин намуди тӯб бозӣ кунед, ин ба болои он кӯдакро гузошта ҷунбондан мумкин аст.
Дар қадами аввал, ба кӯдакатон уребча пӯшонед то, ки баданаш дар болои тӯб нағеҷад. Тӯбро ба маркази қолин ё сатҳи мулоим ҷойгир кунед ва фарзандатонро бо шикамаш ба болои тӯб гузоред, бо ду даст аз паҳлӯҳояш доред. Дар пеши ӯ шинед ва бигзор кӯдак бо дастони худ дасти шуморо гирифта, бо ин роҳ эътимод ва амнияти худро баён кунад.
Тӯбро оҳиста ба пеш, ақиб, ва ба паҳлӯ ғелонед. Вақте ки Шумо тӯбро меғелонед, ба кӯдак нигоҳ карда ба ӯ суруди кӯдакона хонед.
Шумо метавонед ин машғулиятро ҳамарӯза такрор кунед ва ҳар рӯз вақти машғулиятро якчанд дақиқа зиёдтар кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулияти шавқовар барои фаъол кардани гардиши хун, мустаҳкам кардани мушакҳо, баланд бардоштани қобилият ва идоракунии ҳаракатҳои бадан, масалан рост нигоҳ доштани сар кӯмак мекунад. Гузоштани кӯдак ба болои тӯб ба ӯ кӯмак мекунад, ки бо бадани худ беҳтар шинос шавад, дастонашро ба ҳаракат дароварда, қапишро мустаҳкам намояд ва тавозунро инкишоф диҳад.