Тӯбҳо дар қуттӣ

Маводҳои зарурӣ: Якчанд тӯбҳои андозаҳои гуногун (тӯбҳое, ки шумо аз ҷӯробҳои печондашуда ё рӯзномаҳо сохтаед) ва қуттии картон.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Бозиро дар дохили бино (агар тӯбҳо мулоим бошанд) ё дар беруни бино ташкил кунед. Фарзанди худро даъват намоед, то ки тӯбро ба қуттӣ партояд. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки чӣ гуна ин корро иҷро кардан мумкин аст ва сараввал ба қуттӣ наздик шавед. Вақте ки кӯдак партофтани тӯбро меомӯзад, хоҳиш кунед, ки ӯ қафотар истад ва боз тӯбро партояд. Инро бо тӯбҳои андозаашон гуногун санҷед. Кӯдаки Шумо мустақилона иҷро намудани ин машқро дӯст медорад. Агар ба фарзандатон маъқул бошад, Шумо метавонед ҳисоб кунед, ки тӯб чанд маротиба ба қутти задааст.

Фарзанди шумо чиро меомӯзад: Дар ин ва дигар бозиҳо, фарзанди Шумо малакаҳои ҷисмонии худро инкишоф медиҳад. Кӯдак идоракунии ҳаракатҳои худро меомӯзад, то ки тӯбҳоро дақиқ партояд. Вақте, ки Шумо дар ин маҳорат бештар салоҳиятдор мешавед, фарзандатон худро боэътимод ҳис мекунад. Агар Шумо ба бозӣ ҳисобро илова кунед, фарзанди Шумо малакаҳои барвақти математикии худро низ беҳтар мекунад.