Тухми афсонавӣ месозем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Тухми ҷӯшонидашуда (хунук), қошуқча, халтачаи қулфакдор, рангкунандаҳои ғизоӣ, сачоқи қоғазӣ

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пухтупазро бо сохтани тухмҳои кайҳонӣ ба як фаъолияти эҷодӣ табдил диҳед!

Барои ин амалҳои зеринро иҷро кунед:

  1. Бо қошуқча ба ҳар ҷои пӯстлохи тухми ҷушонидашуда зарба зада тарқишҳо пайдо кунонед. 
  2. Ҳар як тухмро ба як халтачаи алоҳида ҷойгир карда якчанд қошуқи рангкунандаҳои ғизоӣ илова намоед. Сипас халтачаҳоро маҳкам карда тухмҳоро дар дохили он бодиққат печонед, то рӯйи пӯстлохаш бо рангкунандаҳои ғизоӣ олуда шавад. Ба Шумо лозим меояд, ки тухмҳоро барои даҳ дақиқа дар ягон ҷой гузоред, то пӯстлохи сафеди тухм, ки каме дертар ранг мегирад, ба ранг олуда шавад.
  3. Тухмҳоро аз халтачаҳо бо сачоқҳои қоғазӣ бигиред, то рангкунандаҳои ғизоии зиёдатиро аз пӯстлохи тухм тоза кунед. Бигзор онҳо хушк шаванд. Барои зоҳир шудани нақшҳои ғайриоддӣ пӯсти тухмро эҳтиёткорона тоза кунед! Акнун Шумо метавонед тухмҳои афсонавиро бо завқ хӯред. Парво накунед - онҳо танҳо ба назар фарқ мекунанд, аммо таъми он чун тухмҳои оддӣ боқӣ мемонад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдакон лаҳзаи пӯст кандани тухмро дӯст медоранд ва вақте онҳо мебинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй дод - тасаввуроти онҳо ба ангезиш меояд ва сафедии тухм барояшон фоидабахш аст!