Тӯқумшуллук

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бӯр.  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин бозӣ дар ҳавлӣ ё дар майдончаи бозӣ (дар бетон ё асфалт) хуб иҷро карда мешавад. Дар рӯйи замин як спирали калони ба монанди тӯқумшуллук (улитка) кашед. Дар маркази он ситорача кашед - ин "хона" мебошад - ва боқимондаи спиралро ба сегментҳо бо хатҳои рост тақсим кунед. Бачаҳо бо навбат бозӣ мекунанд. Бозингарон аз канори берунии спирал сар карда, аз болои сегментҳо бо як пой меҷаҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки ба хатҳо нарасанд. Вақте ки онҳо ба "хона" мерасанд, онҳо тоб мехӯранд ва боз ба ҷойи оғозшуда бармегарданд. Агар онҳо  ягон хатро нарасида то “хона” рафта гашта оянд, онҳо метавонанд яке аз сегментро интихоб намуда дар дохили он ҳарфи аввали номи худро бинависанд. Баъдан навбати бозингари навбатӣ мебошад, вале ӯ бояд ҷаҳида, то сегменти ҳарфи аввали номи бозингари пешина навишта равад ва ба он пой нагузошта баргардад. Бозингарон бозиро то он даме, ки дар ҳар як сегмент ҳарфи аввали номи бозингарон пайдо шавад, идома медиҳанд. Ҳамон шахсе ғолиб дониста мешавад, ки аввали номи худро дар дохили сегментҳо нависад!

Далели ҷолиб: Тӯқумшуллукҳо тамоми умри худ як садафаро истифода мебаранд - садафа бо онҳо калон мешавад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тӯқумшуллук - бозии шавқовари иҷтимоӣ ба монанди бозии «Лакпарбозӣ» аст. Ин як санҷиши хуби нигоҳдории мувозинат ва ҳамоҳангии ҳаракат – сарбории хуби ҷисмонӣ дар ҳавои тоза мебошад.