Ваксинаи БСЖ зидди бемории сил
БСЖ (Батсиллаи Калметта - Герена)- ваксинаи заифгардонидашудаи бактериалӣ буда дар маҷмӯъ бо ҳалкунандаҳо хушконида (лиофиллӣ) шудааст.
Ваксинаи мазкур бо кадом мақсад гузаронида мешавад: аз бемории сил, менингити силӣ ва шаклҳои пошхӯрдаи сил муҳофизат мекунад.
Сил – бемории сироятиест, ки барангезандаи он микобактерияи сил ё чӯбчамикроби Кох мебошад. Барангезандаи беморӣ ба таври ҳавогӣ-қатрагӣ дар мавриди гап задан, сулфа кардан, атса задани шахси беморе, ки дорувориҳои зиддисилӣ қабул намекунад, интиқол меёбад. Бемории сил дар кӯдакон ба таври ниҳоят вазнин бо намуди менингит ва шакли сили пошхӯрда мегузарад, ки зуҳуроти хатарнокии баланди он мебошад. Дар мавриди табобат накардани менингити силӣ ва шакли пошхӯрдаи сил ҳамаи шахсони беморшуда мефавтанд.
Ваксинаи мазкур кай гузаронида мешавад: ваксинаи мазкур ба ҳамаи кӯдакони навзоди солим сеюм рўзи пас аз таваллуд гузаронида мешавад.
Усулҳо ва вояи истифодабарӣ: вояи ваксина барои кӯдакони навзод - 0,05 мл, ба таври дохилипӯстӣ дар минтақаи китфи чап ворид карда мешавад.
Аксуламал ба воридкунии ваксина: барои ваксинаи БСЖ аксуалмалҳои махсуси мавзеӣ хос мебошад. Дар мавзеи воридкунии ваксина фасодча инкишоф ёфта, сатҳи он бо карахш пӯшида мешавад ва баъдан сиҳат мешавад. Пас аз сиҳатшавӣ ва афтидани карахш ҳадшаи ҳаҷмаш 3-10 мм пайдо мешавад, ки аз гузаронида шудани ваксинаи мазкур шаҳодат медиҳад.
Аксуламалҳои нохоҳами баъзан вохӯранда:
- захми сатҳӣ
- дабилаҳои зерипӯстӣ
- лимфаденити минтақавӣ
- ҳадшаи келоидӣ
Фосилаҳои муваққатии пайдоиши аксуламалҳо: аксуламал нисбат ба ваксинаи мазкур дерина ҳисобида мешавад ва пас аз 4-6 ҳафтаи пас аз воридкунии ваксина ташаккул меёбад.
Ғайринишондод:
- Вазни кӯдаки навзод камтар аз 1800 гр ( иммунизатсия баъд аз 1800 гр ва зиёд шудани он гузаронида мешавад.)
- Бемориҳои шадид ва хуруҷи бемориҳои музмин (масалан, дар мавриди мавҷудияти сирояти дохилибатнӣ, бемории гемолитикии навзодон, дигаргуниҳои асабӣ, бемориҳои системавии пӯст). Дар мавриди мавҷудияти чунин ҳолатҳо эмкунӣ бо БСЖ то муътадил гардидани ҳолати кӯдаки навзод мавқуф гузошта мешавад.
Таркиб:
Ҷузъи асосӣ: - 70 % микробҳои заифгардонидашудаи зинда - 0,5 мг.
Маводҳои ёрирасон: глютамати натрий.
Ҳалкунанда: маҳлули изотонии натрий
Шакли истеҳсол: флакони 20-воядор