Ваксинаи зидди гепатити В
Ваксина зидди гепатити В – ваксинаи полипептидии ниҳоят тозакардашудаи ғайрисироятии сатҳи сафедавии (HBsAg) вируси гепатити В мебошад, ки дар сатҳи гидрооксиди алюминий ҷазб карда шудааст. Маводи мазкур ваксинаи генӣ-инженерӣ буда HBsAg дар ҳуҷайраҳои замбӯруғи ворид шудааст. Ин яке аз ваксинаҳои аввалине мебошад, ки кӯдаки навзод дар давоми 24 соати аввали ҳаёти худ қабул мекунад.
Ваксинаи мазкур бо кадом мақсад гузаронида мешавад: масуниятноккунии (иммунизатсия) фаъол зидди гепатити В.
Гепатити В - (гепатити парентералӣ ё зардобӣ)-бемории сироятии вируси мебошад, ки бештар бо зарарёбии ҷигар мегузарад. Манбаи сироят беморон ва шахсони интиқолдиҳанда ба ҳисоб мераванд. Вируси гепатити В ба воситаи маводњои хун ва моеъҳои организм дар мавриди гузаронидани онҳо, амалиётҳои ҷарроҳӣ, дастамалҳои косметологӣ (татуаж, маникюр, педикюр) бо асбобҳои олуда ва роҳҳои алоқаи ҷинсӣ итнтикол меёбад. Бештари одамон бемории худро надониста дигаронро сироят менамоянд. Шаклҳои музмини беморӣ давомнок буда, метавонанд ба ҳолатҳои вазнинтар - сиррози ҷигар ва саратони ҷигар оварда расонанд. Сироятёбии кӯдак аз модар бештар дар мавриди таваллудшавӣ ба амал меояд.
Занҳои ҳомиладорро барои мавҷудияти гепатити В ташхис намудан лозим аст. Дар ҳолате, ки агар зани ҳомиладор ҳомили вируси гепатити В бошад, он гоҳ илова бар иммунизатсия дар рӯзҳои аввали пас аз таваллуд ба организми кӯдаки навзод тавассути шири модар антителаҳои махсус (иммуноглобулин зидди гепатити В) ворид мешаванд.
Дар мавриди риоя намудани ҳамаи чорабиниҳои номбаршуда модари њомили вируси гепатити В метавонад кӯдаки навзодро сина маконад, бар истиснои ҳолати кафидан ва хунравии аз нӯги пистонҳои модар, ки ҳоло сиҳат нашудаанд,
Ваксинаи мазкур кай гузаронида мешавад: иммунизатсия зидди гепатити В ба кӯдакони синни то 1 сола гузаронида мешавад:
- дар давоми 24 соати пас аз таваллуд
- дар 2-моҳагӣ дар таркиби ваксинаи пентавалентӣ (АКДС1+ГВ2+Hib)
- дар 3-моҳагӣ дар таркиби ваксинаи пентавалентӣ (АКДС2+ГВ3+ Hib)
- дар 4-моҳагӣ дар таркиби ваксинаи пентавалентӣ (АКДС3+ГВ4+ Hib)
Усулҳо ва вояи истифодабарӣ: ваксинаи мазкур ба таври дохилимушакӣ дар минтақаи пешу паҳлӯии рони кӯдакони навзод ва кӯдакони синни то 1 сола бо вояи 0,5 мл ворид карда мешавад.
Ғайринишондод: Аксуламал нисбат ба замбӯруғҳо
Аксуламал нисбат ба воридкунии ваксина:
Одатан аксуламалҳои мавзеӣ мушоҳида карда мешавад: сурхшавӣ, дардмандӣ, варам, ки дар давоми 2 шабонарӯзи пас аз иммунизатсия мустақилона нест мешаванд.
Аксуламалҳои умумӣ – беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, сарчархзанӣ, дарди мушакҳо, дарди буѓумҳо.
Аксуламалҳо дер вохӯранда: баландшавии ҳарорати бадан (зиёда аз 38,8°С).
Таркиб: дар 0,5мл ваксина мавҷуд аст:
- ҷузъҳои фаъол: HBsAg-10 мкг тозакардашуда
- адъювант: гели гидроокиси алюминий -0,25мг
- консервант: тиомерсал - 0,005 мг
Маводҳои ёрирасон: фосфати калии якасоса, фосфати натрии дуасоса, хлориди калий.
Шакли истеҳсол: флакони 1- воягӣ