Вақт барои тамошои оинаи нилгун ва оилаи Шумо: рафтори оқилона
Гаджетҳо дар оилаи Шумо: фоида ва зарари онҳо?
Рафтори оқилона оид ба истифода бурдани телефон / планшет / компютер / телевизор дар оилаи Шумо ин:
- кӯшиш кардан лозим аст, то дастгоҳҳои рақамиро тавре истифода баред, ки ба муносибатҳои оилавии Шумо зарар нарасонад;
- монеъ шудан ба истифодаи дастгоҳҳои рақамӣ аз ҷониби хурдтарин аъзои оила;
- истифодабарии гаджетҳо мувофиқи талабот ва манфиатҳои шахсии Шумо.
Агар Шумо дар якҷоягӣ вақти дар назди оинаи нилгун сарфшавандаро муайян намуда, оид ба қоидаҳои асосии принсипҳои истифодабарии гаджетҳо дар хонаи худатон қарор қабул намоед, Шумо метавонед боварӣ ҳосил кунед, ки истифодаи телефон/планшет/компютер/телевизор ба саломатии аъзоёни оила ва муносибатҳои байни онҳо зарар намерасонад.
Дастури зерин, ки аз панҷ қадам иборат аст барои оилаи Шумо метавонад оғози хубе бошад.
Қадами 1: намуна будан барои истифодаи оқилонаи гаджетҳо
Тарзи истифода ва сӯҳбат дар бораи гаджетҳо ба фарзандатон тасаввуроти боварибахш медиҳад, то ки онҳо дарк намоянд, ки чунин асбобҳо дар ҳаёти оилавӣ чи гуна мавқеъ доранд. Масалан, агар Шумо ҳамеша дар хона дар дастатон телефон дошта бошед, пас фарзандатон дар хотир нигоҳ медорад, ки телефон асбоби хеле муҳим аст.
Агар Шумо вақти дар назди оинаи нилгун сарфшавандаро ҳисоб кунед, он гоҳ метавонад ба Шумо кӯмак расонад, ки дар бораи гаджетҳо ба фарзандонатон чи гуна тасаввурот додаед. Агар телефони Шумо хусусияти пайгирӣ кардан дошта бошад, Шумо метавонед онро барои пайгирии вақт истифода баред. Аз кӯдакони калонтар Шумо инчунин метавонед хоҳиш кунед, ки ба вақти истифодабарии телефон дар давоми рӯз диққат диҳанд. Пас Шумо ва фарзандатон метавонед онро муқоиса карда муҳокима кунед, ки оё ягон тағйироте, ки Шумо мехоҳед ворид кардан мумкин аст.
Инчунин, бо кӯдаки калонтари худ дар бораи барномаҳое, ки Шумо истифода мебаред, одамон ва гурӯҳҳое, ки Шумо аъзои он ҳастед ё чизҳои ҷолибе, ки хондаед, сӯҳбат кардан муфид аст. Ин барои фароҳам овардани муҳити бехатар ва эътимодбахш дар хона кӯмак мекунад ва Шумо метавонед дар бораи истифодаи гаджетҳо ошкоро сӯҳбат кунед.
Қадами 2: дар бораи ташаккули кӯдакатон ва иқтидори ӯ ҳамчун истифодабарандаи технологияҳо фаҳмед.
Дар хотир доред, ки кӯдакони то 2-сола бо ягон мақсад набояд аз гаджетҳо истифода баранд ва танҳо сӯҳбатҳои видеоие, ки барои дар тамос будан бо наздикон мусоидат мекунанд, истисно мебошанд. Дар мавриди кӯдакони синни томактабӣ бошад, истифодаи гаджетҳо низ бояд маҳдуд карда шуда он бо машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳое иваз карда шаванд, ки ба онҳо барои ҷомеашиносӣ мусоидат мекунанд. Таваҷҷӯҳ ба он, ки фарзанди Шумо ҳоло гаджетҳоро чӣ тавр истифода мебарад ва эҳтимол дар оянда аз онҳо истифода хоҳад кард, ба Шумо кӯмак мекунад, то дарк кунед, ки манфиатҳо, талаботҳо ва мушкилоти ӯ дар ин соҳа чӣ гунаанд. Шумо метавонед ин амалро тавассути пурсиш аз фарзандатон фаҳмед, ки ӯ гаджетҳоро барои чӣ ва бо кадом мақсад истифода мебарад.
Эҳтимол, Шумо надонед, ки ин дастгоҳҳоро чӣ тавр истифода баред, вале фарзанди Шумо онро хубтар истифода менамояд. Шумо метавонед аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки ба Шумо чӣ гуна бозӣ карданро ёд диҳад, то бифаҳмед, ки чаро ин бозӣ ба ӯ ин қадар маъқул аст.
Қадами 3: мундариҷаи босифатро истифода баред.
Барои фарзанди ба воя расандаи Шумо, мундариҷаи босифат хеле муҳим аст. Агар мундариҷа ба завқи кӯдак мувофиқ бошад, тахайюлоти ӯро такмил диҳад ё дониши ӯро дар бораи чизе, ки дар мактаб меомӯзад, мустаҳкам кунад.
Кӯдаки калонтари худро ташвиқ кунед, ки барномаҳои босифат, бозиҳо, барномаҳои телевизионии босифат, филмҳову видеоҳои YouTube-ро истифода баранд, ба ӯ дар бораи маълумот, ғояҳо ва амалҳое, ки метавонанд дар захираҳои истифоданамудааш ба ӯ муфид бошанд, нақл кунед. Агар ба фарзандатон чӣ гуна пайдо кардани манбаъҳои боэътимоди захираҳои рақамӣ ва мундариҷаро нишон диҳед, Шумо метавонед ба ӯ дар интихоби шуурона кӯмак расонед.
Ба фарзандатон имконият диҳед, ки тарзи интихоби мундариҷаи босифати дар оянда истифода мебурда ва тамошо мекардаи Шуморо бубинад. Инчунин муҳим аст, ки интихоби худро бо фарзандатон муҳокима кунед.
Дар бисёр оилаҳо дастгоҳҳои гуногун аз ҷумла - телефон, компютер ва ғайра мавҷуданд. Аз болои он чизе, ки ҳатто кӯдакони хурдтарин метавонанд бубинанд, назорат кунед. Масалан, баъзе ҳикояҳо дар хабарҳо ё бозиҳои видеоӣ метавонанд барои кӯдакони хурдсол хеле тарснок ва даҳшатовар бошанд, гарчанде ки онҳо ҳанӯз дарк намекунанд, ки чиро мебинанд.
Қадами 4: қоидаҳои истифодабарии гаджетҳоро дар оила тартиб диҳед.
Қоида – усули назорати вақтест, ки аъзоёни оила онро дар назди оинаи нилгун мегузаронанд. Ин қоидаҳо ба ҳама аъзоёни оила мефаҳмонанд, ки ӯ тӯли чӣ қадар вақт метавонад вақти худро дар назди оинаи нилгун гузаронад. Акнун чанд саволе, ки барои тартиб додани қоидаҳо оид ба истифодабарии гаджетҳо дар оила кӯмак мерасонанд:
- Бо назардошти синну сол ва сатҳи ташаккули кӯдакон ба кӣ иҷозат дода мешавад, ки аз гаджетҳо истифода барад?
- Кай ва дар куҷо Шумо метавонед гаджетҳоро дар дохили хонаи худ истифода баред? Масалан, дар меҳмонхона, вале на дар хонаи хоб?
- Оё истифодаи ягон вебсайт, бозиҳо ё барномаҳои мушаххас манъ карда мешавад? Кадом ва чаро?
- Кадом маълумотро дар интернет таблиғ кардан мумкин аст?
- То хоб рафтани кӯдакони хурдсол кадом бозиҳоро набояд бозӣ кард ва кадом филмҳоро тамошо кардан мумкин нест?
- Агар касе қоидаҳоро вайрон кунад, оқибат чӣ мешавад?
Қоидаҳои Шумо оид ба истифодабарии гаджетҳо бояд ба қадри кофӣ универсалӣ бошанд, то дар рӯзҳои мактабӣ, рӯзҳои истироҳат ва ид татбиқ карда шаванд. Қоидаҳо инчунин бояд эҳтиёҷот ва манфиатҳои тағирёбандаи фарзанди Шуморо ҳангоми дар мавриди ба воя расидани онҳо ба назар гиранд.
Тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои мазкурро ҳар чанд моҳ ва ҳар вақте, ки дар хонаатон гаджети нав пайдо мешавад такмил диҳед. Ин ба Шумо кӯмак мекунад, то боварӣ ҳосил кунед, ки қоидаҳо ба талаботҳои тамоми аъзоёни оила мувофиқат мекунанд.
Қадами 5: Дар якҷоягӣ аз гаджетҳо истифода баред
Кӯшиш кунед, ки кӯдакони хурдсолро аз назди экран дур нигоҳ доред, аммо кӯдакони калонтар метавонанд хурсандона телевизор тамошо кунанд ё ба бозӣ машғул шаванд, то ки Шумо корҳои дигари худро анҷом диҳед.
Акнун якчанд ғояҳо барои якҷоя гузаронидани вақт дар назди экран:
- Дар шабакаи Интернет бо фарзанди худ чизҳоеро ҷустуҷӯ кунед, ки барои ҳардуи Шумо мавриди таваҷҷӯҳ қарор доранд, масалан, дар рӯзи истироҳат ба куҷо рафтан лозим аст ё дастури навро барои хӯроки шомро метавонед кофтуков кунед.
- Бо фарзанди калонии худ бозиеро, ки онҳо ҳоло карда истодааст ҳамроҳӣ намоед, масалан версияи онлайни «Эрудит». Ин шавқовар аст ва метавонад барои ҳардуи Шумо фаъолияти махсус бошад.
- Замимаи мусиқиро боргирӣ кунед ва пас аз гӯш кардани мусиқӣ таассуротатонро мубодила ва муҳокима кунед.
- Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки ба Шумо тарзи бозӣ кардани бозии онлайнеро, ки ба ӯ маъқул аст, омӯзад ё ба Шумо дар бораи барномаҳое, ки ӯ истифода мебарад ва вебсайтҳои дӯстдоштаи худаш нақл кунад.
- Ҳангоми истифодаи якҷояи воситаҳои технологӣ фаъол бошед, масалан, бо истифода аз барномаи харитаҳо ба саёҳат кунед.
Дар дилхоҳ вақт, ки Шумо ба фарзандатон сарф мекунед, завқи ӯро ба назар гиред – ин як имконияти хуб барои эҷод намудани эътимод, пайванди байни Шумо ва дуруст намудани муошират мебошад. Ин равиш на танҳо дар Интернет, балки дар ҳаёти воқеӣ низ дуруст хоҳад буд - имкониятҳоро барои ҳаловат бурдан аз шавқу рағбати фарзанди худ ҷустуҷӯ кунед ва он метавонад ба ҳама соҳаҳои муҳити атроф паҳн шавад.