Вақти он аст, ки ашёро бигирем

Маводҳои зарурӣ: Ашёҳо бо таркибҳои гуногун, масалан ангушт, қошуқ, мева, пахта.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Ин машғулият барои назорат бурдан аз пайи ҳаракати дастони фарзандатон, ки он барои иҷро ва доштани ашёҳо зарур аст, кӯмак менамояд.  Масалан қошуқро ба даҳон бурдан. 

Ба дасти фарзандатон ашёҳои таркибаш гуногунро ҷо намоед (исфанҷ, қошуқ, пахта, барг, банан ва ғ.) ва ӯро барои гирифтани онҳо ташвиқ кунед.

Дар баробари ин бо кӯдак гап занед ва фаҳмонед, ки ҳар як ашё барои чӣ лозим аст. Масалан, гуед “ин қошуқ аст” ва он барои чӣ истифода бурда мешавад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин барои идора кардани ҳаркати дасти кӯдак, ки барои доштани ашёҳо ва иҷрои амалҳо кӯмак менамояд, лозим аст.