Варам кардани ғадудҳои лимфатикӣ
Варами ғадудҳои лимфатикӣ чист?
Дар тамоми бадан ғадудҳои лимфатикӣ мавҷуданд. Онҳо як қисми системаи иммунии Шумо мебошанд ва ҳамчун филтр бар зидди вирусҳо ва бактерияҳо амал мекунанд.
Варами ғадудҳои лимфатикӣ бо сабабҳои гуногун рух медиҳад. Ин одатан боиси ташвиш нест.
Варами ғадудҳои лимфатикӣ аксар вақт ҳангоми мубориза бо сирояти вирусӣ ё бактериявӣ, ба монанди дарди гулӯ ё табларзаи ғадудҳо (мононуклеози сироятӣ) ба амал меоянд.
Варами ғадудҳои лимфатикӣ инчунин метавонад ҳангоми илтиҳоб шудани ягон қисми бадан, аз қабили харошидан, сӯхтан ё газидани ҳашарот ба амал ояд.
Дар баъзе кӯдакони хурдсоли гирифтори экзема ғадудҳои лимфатикӣ доимо калон мебошанд. Ин аз он сабаб аст, ки тавассути пӯсти илтиҳобшуда ба бадан ворид шудани микроорганизмҳо осон аст ва ғадудҳои лимфатикӣ барои аз онҳо халос шудан кӯмак мекунанд.
Кам вақт, саратон метавонад сабаби варам кардани ғадудҳои лимфатикӣ дар кӯдакон бошад. Дар чунин ҳолатҳо ғадудҳо одатан осеб намебинанд, онҳо хеле сахтанд ва ҳангоми пахш кардан ҳаракат намекунанд.
Одатан дар кӯдакон ғадудҳои лимфатикӣ назар ба калонсолон калонтар буда зуд-зуд варам мекунанд, аз ин рӯ ламс кардани онҳо осонтар аст. Баъзан Шумо метавонед онҳоро дар ҳар ду тарафи гардан, дар бағал ва дар қадкашаки фарзандатон ламс кунед, ҳатто вақте ки ӯ солим аст. Агар кӯдак лоғар бошад, онҳоро ҳатто дидан мумкин аст.
Аломатҳои варами ғадудҳои лимфатикӣ
Ғадудҳои лимфатикии кӯдак метавонанд дар тамоми бадан ё танҳо дар минтақаи назди сироят ё илтиҳоб варам кунанд.
Масалан, агар фарзанди Шумо тонзиллит (дарди гулӯ) дошта бошад, Шумо метавонед дар гардан донаҳои варамшуда ва дардоварро мушоҳида кунед. Ва ё агар дар ангушти кӯдак сирояти пӯст бошад, пас дар зери бағали ҳамин даст ҷойҳои сахтшудаи варамида ва дарднок пайдо мешаванд.
Ғадудҳои лимфатикӣ метавонанд дар давоми 2-3 ҳафта пас аз сар гузаронидани сироят калон монанд.
Оё ҳангоми варами ғадудҳои лимфатикии кӯдак ба педиатр/духтури оилавӣ муроҷиат кардан лозим аст?
Ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед, агар:
- ғадудҳои лимфатикии фарзанди Шумо дар давоми чанд рӯз варам карда бошанд ва барои варами онҳо ягон сабаби маълум нест, ба монанди дарди гулӯ, зуком ё дигар сирояти сабук;
- ғадудҳои лимфатикӣ аз чормағз калонтар шаванд;
- пайдо шудани варами ғадудҳои лимфатикӣ дар гардани фарзанди Шумо ва душвор шудани фурӯ бурдан ё нафас кашидан;
- фарзанди Шумо ба дард ё ҳиссиёти дардноки атрофи ғадудҳои лимфатикии варамида шикоят мекунад;
- сурхшавии пӯсти кӯдаки Шумо дар минтақаи ғадудҳои лимфатикии варамшуда дида мешавад;
- варами ғадудҳои лимфатикӣ дар якҷоягӣ бо таби баланд ё пайдо шудани доначаҳо дар пӯсти бадан ба назар расад;
- варами ғадудҳои лимфатикӣ, Шумо мебинед ки кӯдак худро бад ҳис мекунад.
Табобати варами ғадудҳои лимфатикӣ
Табобат аз сабаби пайдоиши варами ғадудҳои лимфатикӣ вобаста аст.
Агар варами ғадудҳои лимфатикии фарзанди Шумо дар натиҷаи сирояти вирусӣ ба вуҷуд омада бошад, Шумо метавонед танҳо табобати нишонаҳои вирус, аз қабили дарди гулӯ ва табларзаро гиред.
Агар варами ғадудҳои лимфатикии кӯдаки Шумо аз сабаби сирояти бактериявӣ дар дохили ғадуд ё гирду атрофи он бошад, ба кӯдаки Шумо метавонанд антибиотикҳо лозим шаванд (бо дастури духтур).
Дар ҳолатҳои нодир, вақте ки саратон гумонбар мешавад, барои муайян кардани ташхиси дақиқ ва нақшаи муолиҷаи минбаъда худи ғадуд ё як қисми онро нобуд кардан лозим аст.