Витаминҳо и минералҳо

Витаминҳо ва минералҳо барои афзоиш, биноиши хуб, мустаҳкам кардани устухонҳо, инкишофи мушакҳо ва узвҳои дарунӣ ва мубориза бо сироятҳо заруранд. Агар мо витаминҳо ва минералҳоро кофӣ нагирем, ин метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ гардад.
Body

    Витаминҳо ва минералҳо: маълумоти асосӣ

    Кӯдаки шумо барои афзоиш ва рушд ба миқдори зиёди витаминҳо ва минералҳои ҳаётан муҳим ниёз дорад. Инҳо витаминҳои A, B, C, D, E ва K, инчунин маъданҳо ба монанди калсий, оҳан, йод ва руҳ мебошанд.

    Беҳтарин роҳи ба даст овардани витамину минералҳои кофӣ барои фарзанди шумо ин хӯрдани хӯрокҳои гуногун аз панҷ гурӯҳи ғизо мебошад, аз ҷумла:

    • сабзавот

    • мева

    • маҳсулоти ғалладонагӣ – нон, макарон, ярмаҳои субҳона, биринҷ, ҷуворимакка ва ғ.

    • маҳсулоти ширии камравған - шир, йогурт ва панир

    • гӯшт, моҳӣ, мурғ, тухм,  лӯбиёгиҳо (нахӯд, лӯбиё, наск ва ғ.) ва чормағз.

    Организм витаминҳо, маъданҳо ва дигар маводи ғизоиро ҳангоми аз ғизо гирифтан беҳтар аз худ мекунад, на дар шакли иловаҳои витаминӣ ва минералӣ.

     

    Витамины и как их получить

     

    Витаминҳо ва чӣ гуна ба даст овардани онҳо

    Дар ин ҷо рӯйхати витаминҳое, ки ба шумо ва оилаи шумо лозиманд ва чӣ тавр онҳоро гирифтан мумкин аст, оварда шудааст.

    Витамини А

    Мо витамини Аро аз ҷигар, гӯшт, шир, тухм, меваҳои ситрусӣ ва сабзавот ба монанди сабзӣ ва картошкаи ширин мегирем. Витамини А барои биноиш, пӯст, афзоиш, рушд ва функсияи иммунӣ муҳим аст.

    Витамини B1 (тиамин)

    Мо витамини B1-ро аз моҳӣ, гӯшт, экстрактҳои хамиртуруш, нони пурраи ғалладонагӣ ва ғалладонагиҳои субҳона ба даст меорем. Витамини B1 барои озод кардани энергия аз хӯрок барои фаъолияти мӯътадили системаи асаб ва мушакҳо кӯмак мекунад.

    Витамини B2 (рибофлавин)

    Мо витамини B2-ро аз шир, йогурт, гӯшт, панир, экстрактҳои хамиртуруш, тухм, нони пурраи ғалладонагӣ ва ғалладонагиҳои субҳона мегирем. Витамини B2 инчунин ба баровардани энергия аз ғизо мусоидат мекунад.

    Витамин B3 (ниацин)

    Мо витамини B3-ро аз гӯшт, моҳӣ, мурғ, чормағз ва экстрактҳои хамиртуруш мегирем. Витамини B3 барои баровардани энергия аз ғизо кӯмак мекунад.

    Витамини B6 (пиридоксин)

    Мо витамини B6-ро аз гӯшт, моҳӣ, ғалладона, сабзавот ва чормағз мегирем. Витамини B6 энергияро аз сафеда ҷудо мекунад ва ба истеҳсоли ҳуҷайраҳои сурхи хун ва фаъолияти майна мусоидат мекунад.

    Витамини B12 (кобаламин)

    Мо витамини B12-ро аз маҳсулоти ҳайвонот, аз ҷумла гӯшт, моҳӣ, тухм ва шир, инчунин баъзе аз ғалладонагиҳои субҳона ба даст меорем. Витамини B12 истеҳсоли ҳуҷайраҳои сурхи хунро ҳавасманд мекунад ва ба афзоиш мусоидат мекунад.

    Витамини С (кислотаи аскорбин)

    Мо витамини С-ро аз меваю сабзавот, махсусан аз меваҳои ситрусӣ, киви, қаламфури ширин ва картошка мегирем. Витамини С ба истеҳсоли коллаген мусоидат мекунад, бо сироятҳо мубориза мебарад ва барои ҷаббидани оҳан аз ғизо мусоидат мекунад. Он инчунин дандонҳо, устухонҳо ва милки дандонҳоро солим нигоҳ медорад. Ҳангоми пухтупаз як қисми витамини С гум мешавад.

    Витамини D

    Организми мо қисми зиёди витамини D-ро, ки ба мо лозим аст, вақте ки пӯсти мо ба қадри кофӣ нури офтоб мегирад, истеҳсол мекунад,. Миқдори ками витамини В дар моҳии равғанӣ, равғани ҷигари моҳӣ, зардии тухм, равған ва маргарин мавҷуд аст. Витамини D ба ҷаббиши калсий мусоидат мекунад, то устухонҳоро қавӣ ва солим нигоҳ дорад.

    Витамини Е

    Мо витамини Е-ро аз равгани офтобпараст,  тухмиҳо ва чормагз мегирем. Витамини Е системаи масуниятро мустаҳкам мекунад, ба ҳолати хуби пӯст ва биноиши муқаррарӣ мусоидат мекунад.

    Витамини К

    Мо витамини К-ро аз сабзавоти сабз ба мисли брокколи ва испанок, инчунин тухм ва лӯбиё мегирем. Бактерияҳо дар бадани мо низ витамини К истеҳсол мекунанд. Витамини К барои лахташавии хун муҳим аст.

    Кислотаи фолий

    Мо кислотаи фолийро аз сабзавотҳои сабз, ҷигар, лӯбиёгиҳо, нонҳои ғалладонагӣ ва донагиҳо мегирем. Кислотаи фолий ба мубодилаи сафедаҳо ва ташаккули ҳуҷайраҳои нави хун ва ДНК кӯмак мекунад. Гирифтани миқдори кофии кислотаи фолий пеш аз ҳомиладорӣ ва ҳангоми ҳомиладорӣ барои пешгирии бисёр нуқсонҳои найчаҳои асаб кӯмак мекунад. Пухтупаз ва коркарди хӯрок - масалан, консерва - миқдори кислотаи фолийро дар он коҳиш медиҳад.