Ворид намудани ғизои иловагӣ барои кӯдак
Хӯрокҳои иловагӣ - ин ғизои сахт ё нимсахте мебошанд, ки ба кӯдак ҳамчун илова ба шири сина дода мешавад,ҳангоме ки он аллакай барои қонеъ кардани ниёзҳои ғизоӣ кифоягӣ намекунад (ё ба иловаи ғизои сунъӣ барои кӯдаконе, ки бо ғизои иловагӣ ё сунъӣ ғизо мегиранд).
Ҷорӣ кардани хӯрокҳои сахт ба кӯдак кӯмак мекунад, ки хӯрданро ёд гирад, бо мазза ва таъми нави хӯрок шинос шавад. Хӯрдани хӯрокҳои сахт ба ташаккули дандонҳо ва даҳон мусоидат мекунад ва инчунин малакаҳоеро инкишоф медиҳад, ки баъдтар барои рушди нутқ заруранд.
Ин марҳилаи гузариш аз шир то хӯрокхӯрӣ дар сари дастархони оилавӣ мебошад, ки кӯдакон, чун қоида, аз синни яксолагӣ омодаанд.
Ҷорӣ кардани ғизои сахт на танҳо ба афзоиш ва рушд дар соли аввали ҳаёт бевосита таъсир мерасонад, балки дар бораи таъсири дарозмуддати он ба саломатӣ дар оянда далелҳои бештари илмӣ пайдо мешаванд. Хӯроки солим ба инкишофи кӯдаки Шумо мусоидат мекунад, инкишофи майнаро муайян мекунад, потенциали омузишро баланд мебардорад, ҳосилнокии меҳнатро дар синни калонсолӣ зиёд мекунад.
Агар кӯдакон одатҳои ғизои солимро сари вақт аз худ накунанд ва хӯрокҳои гуногунро истеъмол накунанд, дар оянда онҳо метавонанд танҳо ба хӯрдани хӯрокҳои муайян майл кунанд, ки метавонанд ба саломатии онҳо (нарасидани сабзавот, норасоии витаминҳо, микроэлементҳо, антиоксидантҳо) таъсир расонанд: калорияҳои холӣ, хатари фарбеҳӣ ва бемориҳои музмин, аз қабили бемориҳои дилу раг, фишори баланди хун, диабети қанд).
Ғизои сахт ба ратсиони кӯдак кай ворид карда мешавад?
Тибқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ, кӯдаки ширмак бояд аз синни шашмоҳагӣ ба хӯрдани ғизои сахт шурӯъ кунад. Ба таври идеалӣ, ба кӯдакон бояд то синни шашмоҳа танҳо шири сина дода шавад. Ба ратсиони кӯдаки то 17-ҳафтаина ворид кардани хӯрокҳои сахт хатари фарбеҳӣ ва инчунин аллергияро зиёд мекунад.
Кӯдаконе, ки бо шири модар ғизо мегиранд, бояд аз моҳи 6-уми ҳаёт (на пештар аз 17-ум ва на дертар аз ҳафтаи 24-ум) ғизои сахт истеъмол намоянд.
Аз моҳи 6-ум, функсияҳои узвҳои ҳозима ва ихроҷ, инчунин функсияҳои ҳаракатӣ ба қадри кофӣ омода мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки кӯдак ғизои нимсахт ва сахт истеъмол намояд.
Чӣ тавр шумо медонед, ки фарзанди Шумо барои ворид кардани ғизои сахт омода аст?
Кӯдакон бо суръати гуногун калон мешаванд ва ба камол мерасанд. Аломатҳои омодагии кӯдак ба ғизои сахт одатан дар синни шашмоҳа маълум мешаванд.
Мушоҳида намоед, ки оё фарзанди Шумо:
- бе такягох дар ҳолати нишаста истода мемонад, ба пеш хам шуда ва ба ҳолати рост бар мегардад; мушакҳои китф ва гарданаш ба қадри кофӣ қавӣ ҳастанд, ки сарашро дошта тавонад;
- ҳаракатҳои дастҳои худро идора мекунад, то ин ки ашёҳои на он қадар калонро мақсаднок гирифта онро ба даҳонашро гузошта тавонад;
- хӯрокро бо забон аз даҳон берун намекунад, балки фурӯ бурда метавонад;
- фурӯ бурдани оби даҳонро назорат мекунад.
Аломатҳо ё сигналҳое, ки нишондиҳандаҳои омодагӣ нестанд, зеро онҳо чизи дигареро ифода менамоянд:
- кӯдак шабона бештар аз хоб бедор мешавад ё беқарор аст;
- ҳангоми синамаконӣ ба осонӣ парешон мешавад;
- кӯдак дандон мебарорад, оби даҳон ба мушоҳида мерасад, муштҳояшро мегазад;
- ба он чизе, ки дигарон мехӯранд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, бо ғизо бозӣ мекунад (аммо онро намехӯрад);
- агар калонсолон ба даҳонаш ғизо гузоранд, онро фурӯ мебарад.
Шумо метавонед ғалатона фикр кунед, ки кӯдак ба қабул намудани хӯроки сахт омодааст. Баъзан волидон мехоҳанд бо фарзандашон машғулияти навро аз худ кунанд ва марҳилаи навро дар инкишофи вай бирасанд.
Вақте ки кӯдак хӯрданро ёд мегирад, ба ӯ на танҳо ғизо, балки табассум ва сабр низ лозим аст. Вақти ғизо доданро ҳамчун вақти муошират бо кӯдаки худ истифода баред, ба ҷои он ки танҳо ба миқдори ғизои ӯ хурда диққат диҳед.
Бигзор кӯдак дар хӯрокхӯрии оилавӣ иштирок намояд, ба ӯ ҳамон ғизое диҳед, ки дигар аъзоёни оила мехӯранд, то бубинад, ки дигарон дар ғизохӯрӣ чӣ гуна рафтор мекунанд.
Шумо метавонед ғалатона фикр кунед, ки кӯдак ба қабул намудани хӯроки сахт омодааст. Баъзан волидон мехоҳанд бо фарзандашон машғулияти навро аз худ кунанд ва марҳилаи навро дар инкишофи вай бирасанд.
Вақте ки кӯдак хӯрданро ёд мегирад, ба ӯ на танҳо ғизо, балки табассум ва сабр низ лозим аст. Вақти ғизо доданро ҳамчун вақти муошират бо кӯдаки худ истифода баред, ба ҷои он ки танҳо ба миқдори ғизои ӯ хурда диққат диҳед.
Бигзор кӯдак дар хӯрокхӯрии оилавӣ иштирок намояд, ба ӯ ҳамон ғизое диҳед, ки дигар аъзоёни оила мехӯранд, то бубинад, ки дигарон дар ғизохӯрӣ чӣ гуна рафтор мекунанд.