Як, ду, се, ХЕСТЕМ!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои гуногун ё ашёҳои ҷолиб барои кӯдак; диван ё кат.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз кардан, ҳама чизеро, ки ба Шумо лозим аст, ва он ҷоеро, ки бозӣ мекунед, омода намоед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳеҷ чиз ба Шумо ва кӯдакатон халал намерасонад.
Дар аввал, бозичаҳо ё ашёҳои интихобкардаи худро дар болои диван ё болои кат ҷойгир кунед. Кӯдаки худро дар диван ё кат шинонед ва диққати ӯро ба бозичаҳо ҷалб кунед, то ки ӯ онҳоро бинад - бигзор вай кӯшиши ба сӯи онҳо гавак кашида рафтанро кунад. Вақте ки кӯдак дар назди диван ё кат қарор дорад, ба ӯ кӯмак кунед, то бо зонуҳояш рост истад ва барои он ки кӯдак худро бехатар эҳсос намояд, аз ронҳояш нигоҳ доред. Барои хестани ӯ аз миёнаш бардоред ва бигзор барои хестан ба пойҳояш такя кунад.
Кӯдаки худро ҳар дафъае, ки кӯшиши аз ҷой хестан мекунад, таъриф карда рӯҳбаланд намоед ва дар охири машғулият ба ӯ иҷозат диҳед, ки дар рӯи кат ё диван бо бозичаҳояш бозӣ кунад. Машқро дар як рӯз се маротиба такрор кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машқи оддӣ ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки бо дастгирӣ аз ҷой хестан, мустаҳкам кардани мушакҳои пой ва беҳтар кардани ҳамоҳангии ҳаракатро ёд гирад.