Якҷоя бо дӯстон
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои оддӣ ё ашё барои бозиҳои берунӣ. Ҷои бехатар ва мувофиқ барои дар якҷоягӣ бозӣ кардани кӯдакон.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо ба бозӣ бо дигар кӯдакони ҳамсолаш шурӯъ мекунад - на танҳо мустақилона бо онҳо бозӣ мекунад, балки бо онҳо коре карданро низ оғоз мекунад. Агар имконпазир бошад, бигзор фарзанди Шумо дар муддати кӯтоҳ бо гурӯҳҳои хурд бозӣ кунад (агар фарзандатон имконияти кофӣ барои бозӣ бо кӯдакон одат карданро надошта бошад, масалан, дар боғча). Боғҳо ё майдончаҳои бозӣ ҷойҳои хубе ҳастанд, ки фарзанди шумо дар онҷо бозӣ кунад. Бубинед, ки оё ба фарзандатон бозӣ бо дигар кӯдакон шавқовар аст. Агар ба назари Шумо онҳо чӣ кор карданашонро намедонанд, фавран онҳоро метавонед дастгирӣ кунед ва ба онҳо пешниҳод кунед: «Ана, барои Шумо ду белча, барои ҳар якеатон. Оё Шумо метавонед якҷоя ҷуқурӣ канед? Кӯшиш кунед, ки чуқурии калон - калон кунед!". Бехатариро назорат карда, дар ҳолати муноқиша байни онҳо ба кӯдакон кӯмак расонидан муҳим аст. Дар хотир доред, ки онҳо ҳама чизро ҳанӯз бо сухан ифода карда наметавонанд ва малакаҳои иҷтимоии онҳо ҳоло ташаккул ёфта истодааст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ба кӯдак ҳамкории иҷтимоӣ бо одамон маъқул мешавад. Барои он ки кӯдак дар мактаб ва дар ҳолатҳои гуногуни ҳаётӣ бароҳат бошад, барои ӯ инкишоф додани малакаҳои муомила бо одамон муҳим аст. Дар вақти бозӣ бо дигар кӯдакон, ӯ малакаҳои тафаккур кардан ва банақшагириро, инчунин қобилияти идора намудани эҳсосоти худро инкишоф медиҳад.