Якҷоя бо кӯдак мехонем

Маводҳои зарурӣ: Китобчаи кӯдакона (дар банду басти матоӣ ё ин ки сахт, бо суратҳои ранга ва унсурҳои ламс). Агар ин маводҳоро надошта бошед, метавонед қоғази оддии ба ду нисф тақсимшударо истифода баред, ки дар он Шумо метавонед, якчанд расм ё шаклҳои рангаро кашед.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Кӯдакро ба зонуи худ тавре гузоред, ки якҷоя китобро тамошо карда тавонед, лекин Шумо дар баробари ин бояд руйи кӯдакро низ дида тавонед. Китобро тавре гузоред, ки ҳар дуятон онро дида ва баъд хонда тавонед! Шумо метавонед, чизеро, ки дар сурат ҳаст тасвир намоед ё дар бораи он ҳикоя нақл намоед, бо ангушт ба сурат нишон диҳед ва онро номбар намоед.  Ҷумлаҳои кӯтоҳ ва оддиро истифода баред. Овозро иваз намоед, хомӯш бошед, баъдан ҳайрон шавед...

Ба кӯдак имкон диҳед, ки қиёфаи рӯйи Шуморо бинад, Шумо бошед аз пайи аксуамали ӯ мушоҳида намоед ва он чизҳоеро номбар намоед, ки ба фикри Шумо ба фарзандатон писанд омад ё наомад. Ба ӯ имкон диҳед, ки китобро расад, онро ба даҳон гузорад, (агар он бехатар бошад) ва бо усулҳои дигар онро таҳиқ намояд. Агар кӯдак ҳангоми мутолеа овоз барорад, ба ӯ имкон диҳед, ки ӯ низ “хонад”.

Ӯро гӯш кунед ва ба ӯ ҷавоб диҳед, ба таври такрор намудани овозҳои ӯ, савол додан ва ӯро таърифу тасниф намудан. Вақте, ки мушоҳида менамоед, ки фарзанди Шумо дигар таваҷҷуҳ надорад, ба дигар тараф нигоҳ мекунад ё ба таври дигар норозигӣ баён менамояд- оромона интизор шавед, то ин ки таваҷҷуҳи ӯ  ба китоб баргардад ва идома диҳед. Агар китоб барои ӯ шавқовар набошад, каме баъдтар ба он баргардед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Хониши якҷоя ва тамошои китоб барои малакаҳои муоширатӣ ва инкишофи нутқи фарзнди Шумо муҳим аст.