Якҷоя бозӣ кардан шавқовар аст
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ягон чизи ғайриоддӣ- ҳамаи он чизе, ки Шумо барои бозӣ бо кӯдак истифода мебаред.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Бозӣ-ин он чизе мебошад, ки Шумо бо фарзандатон дар дилхоҳ вақт ба анҷом расонда метавонед. Дар ин замина тахаюлоти зиёд барои машғулият мавҷуд аст. Бозии Шумо чӣ гунае, ки набошад, саъю кӯшиши фарзандатонро барои бозӣ кардан ҳавасманд кунед. Масалан Шумо метавонед кӯдакро ба даст гирифта бо ҳаяҷон гӯед: “Бин! Мо ба ин ашёҳо якҷоя нигоҳ мекунем!”, бо нишон додани он чизе, ки бо он бозӣ мекунед.Ё Шумо аз чеҳраи фарзандатон мушоҳида мекунед, ки ӯ барои бозӣ кардан омода аст, Шумо он вақт гуфта метавонед: “Ман мебинам, ки ту аз хоб бедор шуди. Ту омода ҳастӣ? Ман омодаам! Рафтем!”. Кӯдакро сахт ба ҳаяҷон овардан лозим нест, лекин ҳиссиёти гувороро аз вақтгузарони якҷоя ташкил намоед. Албатта вақте, ки Шумо мебинед, ки фарзандатон дар вақти бозӣ инҷиқӣ мекунад ё хаста мешавад, бозиро ба итмом расонед ва ба кори дигар машғул шавед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар ин синну сол ва баъд аз он, бозӣ роҳи муҳимтарини таълимоти фарзанди шумо мегардад. Аммо, таълимот беҳтар кор мекунад, агар фарзанди шумо бозӣ карданро дӯст дорад. Бо гуворо кардани вақти бозӣ, шумо ҳар рӯз як кори дигар, яъне заминагузори ба таълими бармаҳал мекунед.