Якҷоя китоб хондан бо кӯдакони аз 2 то 4 сола

Хондан ва нақл кардани афсонаҳо ба рушди ҳамаҷонибаи фарзанди Шумо кӯмак мекунад. Аз китобчаҳои расмҳо дошта оғоз кунед, ки қофия ва оҳангу вазн доранд ё китобчаҳое, ки фарзанди Шумо ба он таваҷҷӯҳ дорад. Кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз ақаллан як китобро якҷоя хонед.
Body

Манфиатҳои китоб хондан барои кӯдакони аз 2 то 4 сола

Хондан ва ҳикоят кардани афсонаҳо ба рушди ҳамаҷонибаи фарзанди Шумо, рушди мағзи сар ва тахайюлот мусоидат мекунад, забон ва эҳсосотро таълим медиҳад ва барои малакаҳои хониш ва навиштан замина мегузорад. Китобхонӣ инчунин як роҳи хуби вақтгузаронии якҷоя аст.

Барои бо кӯдак якҷоя хондани китоб чи лозим аст

Хондан ин имкони хурсандона ва шавқовар гузаронидани вақт ҳангоми якҷоя хондани китобҳост. Ба Шумо танҳо китоб бо расмҳо лозим аст, ки Шумо ва фарзандатон дӯст медоред. Ба Шумо лозим нест, ки китобҳои зиёде харед. Шумо метавонед бо дӯстон ва хешовандон мубодилаи китоб кунед.

Ба кӯдаки Шумо маъқул мешавад:

  • китобҳои дорои қофия, вазну оҳанг ва нақароти хуб;
  • китобҳо дар мавзӯи дӯстдошта, аз қабили мошинҳо, афсонаҳо, ҳашаротҳо ё динозаврҳо (кӯдак метавонад шавқи дигар дошта бошад);
  • китоб-бозича, китобҳо бо алифбо, шаклҳои геометрӣ ва рақамҳо;
  • китобҳои ҳаҷвӣ ва шавқовар – масалан, дар он ягон персонаж пайваста калимаи хандаоварро истифода мебарад, ё худ соддалавҳ ва ҳатто «инҷик» аст.

Чӣ тавр аз хондан ва якҷоя гузаронидани вақт бо фарзандатон лаззат баред

Маслиҳатҳо оид ба чӣ гуна самаранок истифода бурдани вақти якҷояи китобхонӣ:

  • Ба фарзандатон дар интихоби китоб кӯмак кунед. Агар вай як китобро такрор ба такрор интихоб кунад, боке нест. Агар Шумо то ҳол китоби писандидаатонро нахонда бошед, ба муқова нигаред ва аз ӯ пурсед, ки ба фикри ӯ ин китоб дар бораи чӣ бошад.
  • Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки китобро ба даст гирифта варақ занад.
  • Ҳикояро якҷоя хонед.
  • Суръати хониши худ ва инчунин баландии овози хонданатонро тағир диҳед. Тағир додани овоз ва оҳангу вазн барои персонажҳои гуногун низ метавонад шавқовар бошад.
  • Бо фарзанди худ ибораҳо ва калимаҳои такроршавандаро ба таври суруд мад кашида хонед.
  • Ба ашёҳои дар расм овардашуда ишора кунед ва онҳоро номбар кунед ё аз кӯдак хоҳиш кунед, ки онҳоро номбар кунад: «Оҳ, ин ҳайвон чист? Бибиям ҳамин гуна дорад!» Тасвирҳоро муҳокима кунед ва ба фарзандатон саволҳо диҳед, ба монанди "Ба фикри ту, баъд чӣ мешавад?" ё "Чаро кӯдак хурсанд аст?" Ин фаъолият бояд шавқовар бошад ва набояд ба санҷиши дониш монанд бошад!

Якчанд маслиҳатҳо барои якҷоя хондан бо фарзанди худ

  • Хонданро ба кори ҳаррӯза табдил диҳед ва кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз ақаллан як китоб хонед.
  • Шавқу рвғбати фарзанди худро ба инобат гиред. Агар фарзандатон хоҳад, ки Шумо вақти бештар хонед, ин хуб аст. Ва агар баъзан ӯ танҳо як китоб ё ҳикояро хондан хоҳад, ин ҳам муқаррарӣ аст.
  • Телевизор ё радиоро хомӯш кунед, то фарзандатон парешон нашавад.
  • Ҳангоми мутолиаи китоб кӯдакро ба худ наздик шинонед ё дар зонуи худ нигоҳ доред, то ӯ чеҳраи Шумо ва китобро бинад.
  • Вақте ки Шумо ба китобхона рафта наметавонед ё китобҳои нав харида наметавонед, ихтирокор бошед. Масалан, Шумо метавонед китобчаи расмдор созед, ва расмҳоро аз маҷалла буред ё ҳатто худатон кашед ва чанд калима илова кунед, то ба Шумо барои бофтани нақли ҳикоя кӯмак расонанд. Ё ба фарзанди худ таклиф кунед, ки ба Шумо ҳикоя нақл кунад ва онро навишта гиред. Шумо метавонед ҳикояро бо овардани ҷумлаи аввал оғоз кунед: “Рӯзе (касе) бо модараш сайру гашт мекард. Аввал ӯ дид...(ва кӯдак идома диҳад).