Йога

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои машғулияти мазкур танҳо мавқеи озод ва сатҳи ҳамвор лозим аст.

Кӯшиш кардан лозим нест, ки ягон амали душвор анҷом дода шавад – иҷро намудани якчанд машқҳои оддӣ дар ҳолати васеъ кушодани пойҳо (растяжка) ва ҳолате, ки кӯдакон чӣ будани йогаро дарк менамоянд, кифоя мебошад. Ин машғулиятҳо метавонанд, инчунин сарчашмаи вақтгузаронии бароҳат ва хурсандибахш дар оила бошад!

Кӯдакон ин амалро метавонанд дар хона, дар боғ ва ҳатто дар боғи истироҳатӣ анҷом диҳанд. Аз иҷро намудани машғулиятҳои оддӣ оғоз намоед, масалан:

  • Рост истодан бо як пой
  • Расидан ба ҷӯробчаҳо
  • Аз ҳолати хобида бе ёрии дастон хестан

Баъдан бо мавқеи оддие, ки ба кӯдакон мувофиқ аст, шинос шудан мумкин аст. Инак, якчанд ҳолатҳои маъмулӣ барои кӯдакони ниҳоят хурдсол:

  • Мавқеи дарахт (бештари кӯдакон дар бораи ин ҳолат медонанд ва он барои устувор намудани мувозинат хуб аст)
  • Нишаста ба пеш хам шудан (чандирии организмро беҳтар менамояд)
  • Ҳолати кӯдаки хушбахт (барои машқо ва обутоби бадан хуб аст)
  • Ҳолати лотос (қомат ва чандирии баданро беҳтар мекунад)
  • Ҳолати шабпарак (ҳолати оддӣ, вале хурсандибахш, ки барои устувор намудани қомат ва чандирии бадан лозим аст)

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Йога - машқи хуб барои кӯдакон буда ба онҳо истироҳат кардан, тамаркуз кардан, эътимод доштан ба худ, қавитар шудан, инкишоф додани чандирии бадан ва инчунин беҳтар кардани қомати кӯмак мекунад. Ғайр аз ин, он оддӣ, шавқовар ва ройгон аст!