Ёзиши рагу пайҳо, баромадани банду буғум, беҷошавӣ, шикастани устухон

Осеби мушакҳо ва узвҳои ҳаракат ва такягоҳ дар кӯдакон зиёд ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, бехатарии кӯдакро дар хона, майдончаи кӯдакон, нақлиёт таъмин кардан, ҳангоми машқи варзишӣ ва фароғат аз воситаҳои муҳофизатӣ истифода бурдан, аз машқҳои барзиёд худдорӣ кардан лозим аст.
Body
Аломатҳо ва нишонаҳои осеби мушакҳо, устухонҳо ё буғумҳо инҳоянд:
  • дард ва нороҳатӣ, ки ҳангоми ҳаракат зиёдтар мешавад;
  • варам дар ҷои осеб;
  • шакли ғайримуқаррарии буғум ё устухон;
  • мавқеъи ғайритабиии қисми осебдидаи бадан;
  • натавонистани идоракунӣ ё ҳаракат додани қисми осебдидаи бадан;
  • ҷои осебдидаи бадан сард аст ва ҳиссиёт надорад.
Ҳангоми осеб чӣ бояд кард?
  • Кӯдакро ором кунед ва гӯед, ки ҳаракат накунад.
  • Қисми осебдидаи баданро дар ҳамон ҳолате, ки ҳангоми осеб дидан дар он буд, мустаҳкам кардан лозим аст, чизи мулоим (болишт ва гайра) гузоштан ё бо даст доштан мумкин аст.
  • Маҳкам кардани қисми бадани осебдида бо шина танҳо дар ҳолате зарур аст, ки кӯдакро аз сабаби хатари ногузир ба ҷои дигар бурдан ва ё фаврӣ ба муассисаи тиббӣ интиқол додан лозим аст.
  • Агар пӯст ҷароҳат надошта бошад ба қисми бадани осебдида як халтаи полиэтиленӣ ё матои дар он ях печонидашударо ба муддати на камтар аз 20 дақиқа монед (шумо метавонед чунин компрессро дар давоми 48 соати минбаъда ҳар як соат истифода баред ва тақрибан 20 дақиқа дар рӯи он нигоҳ доред).
  • Қисми осебдидаи баданро дар сатҳи дил ё каме болотар ҷойгир кунед, аммо танҳо дар сурате, ки ин ҳаракат ба кӯдак дарди иловагӣ наорад.
Чӣ кор кардан мумкин нест?
  • Қисми осебдидаи баданро ҳаракат надиҳед, то ин ки ба рагҳои хунгузар ва асабҳо осеб нарасад!
  • Яхро бевосита ба рӯи пӯст нагузоред!
Дар кадом ҳолат лозим аст, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг занед?
  • Агар устухони рон ё кос осеб дида бошад;
  • Агар қисми бадан дар поёни осеб сахт, рангпарида, кабуд ё хунук шуда бошад;
  • Агар шикасти кушодаи устухон бошад (устухони шикаста аз пӯст берун мебарояд);
  • Агар шумо кӯдаки худро бехатар интиқол дода натавонед.

Агар кӯдак беҳуш бошад ва аломатҳои ҳаёт надошта бошад, бояд фавран реаниматсияи дилу шуш оғоз карда шавад ва ҳарчи зудтар ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шавад (103).