Заҳролудшавиии кӯдаконро чӣ гуна бояд пешгирӣ кард?
Бисёр маводҳое, ки ҳамарӯза дар хона истифода мешаванд, дорои ҷузъҳои заҳрнок мебошанд. Муносибати масъулиятнок ба истифода ва нобудсозии манбаъҳои моддаҳои эҳтимолан заҳрнок ба пешгирии заҳролудшавӣ дар кӯдакон мусоидат мекунад.
Body
Манбаъҳои эҳтимолии заҳролудшавиро дар хонаи худ муайян кунед
- Барои кӯдакон хатарнок буда метавонанд: маҳсулоти тозакунанда ва маводҳои ҷомашӯии машинавӣ, маводҳои ороишӣ, доруворӣ, спирт, доруҳои седативӣ, антифриз, бензин, рангҳо, лакҳо, заҳрҳо бар зидди ҳайвоноти хоянда, маҳсулот барои нигоҳубини растаниҳо, намудҳои алоҳидаи растаниҳо. Бухор ва газҳои заҳрдор, ки дар натиҷаи сӯхтор, сӯхтани сузишвории сахт ва моеъ, ихроҷоти аз асбобҳои вайроншудаи газ хориҷшуда ё газҳои аз автомобилҳо хориҷшуда дар сурати дар гаражи пӯшида ба кор андохта шудани муҳаррик ба амал меоянд, низ хавфнок мебошад.
Маводҳои кимиёвии маишӣ ва дорувориро дар ҷойҳои ба кӯдакон дастнорас нигоҳ доред
- Пас аз истифода маводи кимиёвии рӯзгору доруҳоро дар рӯи миз, фарш ва рафҳо нагузоред. Онҳоро дар ҷои пӯшида нигоҳ доред.
Ҳеҷ гоҳ доруҳо ва маводи кимиёвии рӯзгорро дар зарфҳои хӯрокворӣ ё бастабандӣ нагузоред ё онҳоро ба шишаҳои нӯшокӣ нарезед
- Онҳоро дар бастаи аслии худ нигоҳ доред, то дар ҳолати зарурӣ таркиби химиявиро зуд муайян кунед.
- Пас аз истифода, ҳамеша сарпӯшҳои бастаи кимиёвии рӯзгор ё дорувориро маҳкам пӯшед.
- Ҳуҷраҳоеро, ки маводи кимиёвии рӯзгор истифода бурда мешавад, шамол диҳед. Моддаҳои кимиёвии гуногунро омехта накунед, зеро баъзе ҷузъҳо бо ҳамдигар ба реаксияи химиявӣ даромада, метавонад боиси ихроҷи газҳои заҳрнок гарданд.
- Ҳангоми истифодаи доруҳо, дастурҳои истифодаро хонед ва тавсияи духтур ё дорусозро риоя кунед.
- Ба доруҳо ва маводи кимиёвии рӯзгор, ки меҳмонон ба хонаи шумо меоранд, диққат диҳед ва чораҳои эҳтиётиро ба онҳо хотиррасон кунед.
- Доруҳои нодаркор ё мӯҳлати истифодаашон гузаштаро бо тартиби муқарраршуда ва ҷойҳои бехатар партоед.
- Барои доруҳо номҳои ҷолибро (қандча, ширинча ва ғ.) истифода набаред.
Агар шумо сигорҳои электрониро истифода баред, эҳтиёт бошед ва онҳоро дар ҷойҳои барои кӯдакон дастнорас нигоҳ доред.
- Никотини моеъ аз картриджҳои сигорҳои электронӣ метавонад барои кӯдакон хеле зараровар бошад.
- Агар кӯдак дар хона набошад (бо оила, дӯстон, дар сафар), ба шахси нигоҳубинкунанда фаҳмонед, ки чӣ тавр заҳролудшавӣ пешгирӣ карда мешавад.
- Батареяҳои ҳамвор (батареяҳои хурди мудаввари диаметрашон гуногун барои соатҳо, бозичаҳо ва ғайра) низ хатарноканд. Ин батареяҳо ҳангоми фурӯ бурдан ё дар бинӣ, гӯш ё гулӯ дар мондан метавонанд ба кӯдакон зарари ҷиддӣ расонанд.
- Мошинҳоро дар бинои пӯшида ба ҳаракат надароред. Нагузоред, ки дуди ихроҷшуда дар ҳуҷра ҷамъ шавад.